Пайвандҳои дастрасӣ

Робия Қодир хостори тафтиши ҳаводиси Урумчӣ шуд


Робия Қодир, сарвари Кунгураи ҷаҳонии уйғурҳо мегӯяд, ки бар асари ҳаводиси ахир дар вилояти Шинҷон-Уйғури Чин тақрибан 10 ҳазор нафар беному нишон ғайб задаанд. Хонум Қодир, ки дирӯз вориди Ҷопон шуд, зимни як суханронӣ аз мавқеъи, ба гуфтаи ӯ, на он қадар шадиди ИМА ба ҳаводиси Шонҷон-Уйғур изҳори таассуф кард. Сарвари Кунгураи ҷаҳонии уйғурҳо хостори тафтиши байнулмилалии нооромиҳо дар Урумчӣ ва саркӯбсозии намоишҳои эътирозӣ дар ин шаҳр гардид.
Мақомоти Чин Робия Қодирро дар таҳрик додани нооромиҳо дар Урумчӣ айбдор мехонанд ва аммо ӯ ин иттиҳомро қатъӣ рад мекунад. Ба иттилоъи расмӣ, бар асари бархурди уйғурҳову чиноиҳо дар Урумчӣ тақрибан 200 нафар кушта ва беш аз 1600 нафар маҷрӯҳ шудаанд.
XS
SM
MD
LG