Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамлаи шоҳпаракҳои зарриндумбол ба Душанбе


Аз заҳри шоҳпаракҳои зарриндумбол дар Душанбе якчанд нафар бемор шудааст

Аз заҳри шоҳпаракҳои зарриндумбол дар Душанбе якчанд нафар бемор шудааст

Дар барномаи навбатии маҷаллаи илму фанноварии радиои Озодӣ тозатарин хабарҳо аз Тоҷикистон ва ҷаҳон баррасӣ мешавад.

Таҳқиқоти нодири донишмандони тоҷик

Яке аз донишмандони Пажӯҳишгоҳи Химияи Фарҳангистони Улуми Тоҷикистон ҳамроҳ бо донишмандони олмонӣ ва Амрико дар заминаи таҳқиқи фулуззоти нодире пажӯҳиш мебарад, ки ин фулузот хосиятҳои хуби нигаҳ доштани гармӣ, сардӣ, интиқоли нерӯи барқ дар масофа ва ҳифзи иттилоъро доранд ва ҳоло талабот ба чунин фуллузот бештар шудааст.

Мақсуда Абдусаломова, пажӯҳишгари Пажӯҳишгоҳи Химияи Фарҳангистони Улуми Тоҷикистон, чандин сол боз аст, дар ин замина кор мекунад ва дар анҷоми пажӯҳиш ба ӯ маркази байнулмилалии илмӣ-техникӣ кӯмак мекунад.

Абру борони сунъӣ

Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, ки ташнаи об барои аҳолии афзояндааш аст, бо роҳи сунъӣ, яъне пошидани моддаҳои кимиёвӣ ба абрҳо, резиши борон дар ин кишварро афзоиш додааст.

Пошидани маҳлули йодиди нуқра, як моддаи кимиёвӣ ба абрҳо, ки барои бориши борон мусоидат мекунад, усули наве нест. Ин моддаи кимиёвиро аз тариқи ҳавопаймоҳо ба абрҳои пуроб мепошанд, ки то рехтани борон аз он абрҳоро суръат бахшанд.

Умар Аҳмад Ал Язидӣ - мудири маркази таҳқиқ дар Идораи ҳавошиносии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ба хабаргузории Ройтерс гуфтааст, ба онҳо муяссар шудааст, аз ин роҳ рехтани борон дар кишварро 10 дар сад афзоиш додаанд. Ҳадафи аслии ин кор афзоиш додани ҳаҷми захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ будааст, ки ба гуфтаи Умар Язидӣ онҳо ба ин ҳадафашон даст ёфтаанд.

Ҳамлаи шоҳпаракҳои зарриндумбол ба Душанбе

Дар шаҳри Душанбе афзоиши шоҳпаракҳои зарриндумбол, ки барангезандаи бемориҳои пӯст мебошанд, мардумро нигарон кардааст. Мақомоти беҳдоштии Душанбе мегӯянд, ба зудӣ селаи шоҳпаракҳои сафеди зарриндумболро нобуд хоҳанд кард.

Зиёвуддин Афғонов, сартабиби Маркази бемориҳои вогир ва беҳдоштии Душанбе, гуфтааст, сабаби афзоиши ин ҳашароти хатарнок боришоти беш аз меъёр дар баҳори имсола будааст.

Вуруди зукоми хук ба минтақа

Бемории зукоми хук то ба яке аз кишварҳои Осиёи Марказӣ - Қазоқистон ҳам расидааст ва тақрибан 15 нафарро бемор кардааст.

Мақомоти беҳдоштӣ, ки мехоҳанд, бо истифодаи муассири давоҳои зиддивирусӣ ба зидди зукоми хук мубориза баранд, бояд саъй кунанд, то беморонро ҳарчӣ зудтар пайдо ва табобат намоянд.

Мушкилоти табобати зукоми хук

Донишмандони итолиёӣ мегӯянд, доштани захираи хуби доруворӣ кофӣ нест, ки ба зидди бемории зукоми хук муборизаи муассир бурда шавад, зеро давоҳои зидди зукоми хук танҳо дар 24 то 48 соати аввали беморӣ таъсири хуб дошта метавонанд.

Стефано Мерлер аз Пажӯҳишгоҳи Бруно Кесслер дар Итолиё, навиштааст, пажӯҳиши онҳо ба таври барҷаста нишон медиҳад, ки бояд мавориди гирифторӣ ҳарчӣ зудтар ташхис шавад. Дар воқеъ ба гуфтаи вай, бояд як низоми ташхисе дуруст шавад, ки дар амри зуд пайдо кардани беморон кӯмак кунад, зеро таъхир дар табобати беморон ва бо гузаштани 24 соат асари дору ба вирусро кам мекунад.

Барои шунидани барнома ба ишораи аудио дар болои саҳифа аз тарафи рост нохун занед.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG