Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сафари Роберт Гейтс ба Ироқ поён ёфт


Вазири дифоъи ИМА Роберт Гейтс дар поёни сафараш ба Ироқ аз минтақаи худмухтори Курдистон дидан кард. Дар мулоқоти ӯ бо раҳбари минтақа Масъуд Барзонӣ масоили амниятӣ ва дигар мушкилоти Ироқ баррасӣ гардид. Курдҳои Ироқ айни ҳол бо мақомоти кишвар дар мавзӯъи назорат аз болои захоири табиии Курдистон вориди баҳси шадид шудаанд.
Аз ин пеш раҳбари Пентагон бо низомиёни амрикоӣ дар пойгоҳи низомии Таллила, воқеъ дар ҷануби Ироқ, мулоқот кард. Баъдан ӯ дар Бағдод бо нахуствазири Ироқ Нурӣ ал-Моликӣ ва вазири дифоъ Абдулқодир Ҷосим музокирот анҷом дод. Роберт Гейтс дар як нишасти хабарӣ дар Бағдод аз беҳбуд ёфтани вазъи амниятӣ дар Ироқ дар се соли ахир ситоиш кард ва аз ҷумла гуфт, “вазъ дар ҷануби Ироқ ба он далел ором аст, ки ҳайати фармондеҳии ироқӣ ва амрикоӣ дар ин минтақа, тибқи созиши дуҷонибаи амниятӣ, барои тамрини зердастони худ корҳои зиёдеро ба субут расондаанд”.
XS
SM
MD
LG