Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аз панҷ бритониёвии рабудашуда фақат яке зинда аст


Чаҳор тан аз панҷ бритониёвии ду сол қабл дар Ироқ рабудашуда ба ҳалокат расидаанд. Дар ин бора шабакаи телевизиониии ВВС бо такя ба иттилоъи вазорати умури хориҷаи Бритониё хабар дод. Намояндагони вазорат бо сарони гурӯҳи “Муқовимати исломии шиаҳо”, ки шаҳрвандони Бритониёро рабудааст, музокирот мекарданд.
Ҷасади ду тан аз бритониёвиҳо, ки моҳи майи соли 2007 аз бинои вазорати молияи Ироқ рабуда шуда буданд, моҳи гузашта ошкор гардид. Акнун мақомоти Бритониё дар бораи ҳалокати боз ду тан аз рабудашудагон иттилоъи дақиқ дарёфт карданд. Ҳадс зада мешавад, ки айни ҳол фақат Питер Мур, мутахаасиси компутар, дар қайди ҳаёт аст. Моҳи март одамрабоён навори видеоиро бо ширкати ӯ намоиш дода буданд.
XS
SM
MD
LG