Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти ҷонибдорони мухолифин дар Бишкек


Кормандони милисаи Қирғизистон имрӯз дар Бишкек беш аз сад тан аз ҷонибдорони номзади ягонаи мухолифин ба мақоми раисиҷумҳур Алмосбек Отамбоевро боздошт карданд. Ба иттилоъи хабарнигори Радиои Озодӣ, ҷонибдорони мухолифин дар даромадгоҳи пойтахт ҷамъ шуда мехостанд, ки пиёда то дафтари кори Отамбоев раҳпаймоӣ кунанд ва он ҷо намоиш бо талаби баргузории интихоботи озоду демократиро талаб намоянд. Аз ин пеш кормандони милиса баргузории ҳамоиш дар канори шаҳри Бишкекро манъ ва ҷамъомадагонро сӯи Хиёбони роҳиоҳанчиён раҳнамоӣ карда буданд.
Тибқи иттилоъи расмӣ, дар интихоботи раёсатҷумҳурии рӯзи 23 июл раҳбари феълии кишвар Қурмонбек Боқиев бо дарёфти 76 дар сади раъйҳо пирӯз шудааст. Ин омор ҳокист, ки номзади мухолифин Алмосбек Отамбоев тақрибан ҳашту ним дар сади овозҳоро дарёфт кардааст. Ҷонибдорони аҳзоби мухолиф мегӯянд, ки натиҷаҳои интихобот тақаллубиянд.
XS
SM
MD
LG