Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гейтс: Вазъи амниятӣ дар Ироқ беҳтар шудааст


Вазири дифоъи ИМА Роберт Гейтс изҳор намуд, ки се соли ахир вазъи амниятӣ дар Ироқ ба таври чашмрас беҳтар шудааст. Раҳбари Пентагон имрӯз дар Ироқ бо низомиёни амрикоии мустақар дар пойгоҳи Таллила, воқеъ дар ҷануби кишвар, мулоқот кард. Баъдан ӯ дар Бағдод бо нахуствазири Ироқ Нурӣ ал-Моликӣ ва вазири дифоъ Абдулқодир Ҷосим музокирот анҷом дод. Роберт Гейтс дар як нишасти хабарӣ дар Бағдод гуфт, “вазъ дар ҷануби Ироқ ба он далел ором аст, ки ҳайати фармондеҳии ироқӣ ва амрикоӣ дар ин минтақа, тибқи созиши дуҷонибаи амниятӣ, барои тамрини зердастони худ корҳои зиёдеро ба субут расондаанд”.
Имрӯз вазири дифоъи ИМА аз минтақаи худмухтори Курдистон дидан хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG