Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Роберт Гейтс, вазири дифои Амрико дар чаҳорчуби сафараш ба Ховари Миёна вориди Ироқ шуд.

Пеш аз ин Гейтс аз Исроилу Урдун дидан кард. Ҳамон тавре, ки одат шудааст, ҳангоми сафарҳои мақомдорони аршади Амрико ба Ироқ ин дафъа ҳам дар бораи омадани Гейтс пешакӣ хабар дода нашуда буд.

Ҳавопаймоии вазири дифоъ ба пойгоҳи низомии амрикоӣ, воқеъ дар ҷануби Бағдод, фуруд омад ва қарор аст дар Ироқ ба муддати ду рӯз боқӣ бимонад.

Интизор меравад, ки зимни боздидаш Гейтс бо нахуствазири он кишвар Нурӣ Ал-Моликӣ ва вазири дифои Ироқ Абдул Қодир Ҷоссим дидору мулоқот кунад. Дар сархати барномаи сафараш масалаҳои амниятӣ аз ҷумла фурӯши аслиҳа ба ҳукумати то ҳол ноустувори Ироқ будааст.

Вошингтонро афзоиши танишҳо миёни минтақаи нимамустақили курдҳо ва ҳукумати аксаран аз арабҳо ташкилшудаи Бағдод дар мавриди замин ва захираҳои нафт нигарон мекунад ...
Вошингтон мехоҳад мутмаин шавад, ки нерӯҳои низомии Ироқ барои ба зимма гирифтани таъмини амният баъд аз рафтани артиши Амрико аз он кишвар охирҳои соли 2011 тавони заруриро дорад.

Тибқи нақшаҳои Вошингтон, сарбозони амрикоӣ аз тамоми шаҳрҳои Ироқ охири моҳи гузашта фаро хонда шуданд.
Интизор меравад, ки Гейтс бо мақомдорони ироқӣ алоқамандии Бағдодро барои харидории ҳавопаймоҳои ҷангии Эф 16 тавлиди амрикоро баррасm кунад.

Гуфта мешавад, ки ин ҳавопаймоҳои низомӣ қобилияти артиши ироқиро ба карат афзоиш дода ба неруҳои заминӣ барои муқобила ба таҳдидҳо аз хориҷи марзҳои кишвар мусоидат мекунанд.

Мақомоти Ироқ қаблан гуфта буданд, ки мехоҳанд то соли 2020-ev 96 адад ҳавопаймоҳои ҷангии Эф-16 харидорӣ кунанд. Ин бахше аз тарҳи фуруши аслиҳаи ИМА ба Ироқ мебошад, ки интизор аст 9 миллиард долларро ташкил диҳад. Имкон аст ин муомила тонкҳо, чархболҳо ва дигар намуди аслиҳаи вазнинро дар бар гирад.

Аммо баррасии роҳҳои тақвияти қобилиятҳои низомии Ироқ ин танҳо як бахши барномаи сафари Гейтсро ташкил медиҳад. Қарор аст вай инчунин ба шимоли кишвар сафар намуда музокиротҳои ҷудогона бо мақомдорони курдӣ низ анҷом диҳад.

Вошингтонро афзоиши танишҳо миёни минтақаи нимамустақили курдҳо ва ҳукумати аксаран аз арабҳо ташкилшудаи Бағдод дар мавриди замин ва захираҳои нафт нигарон мекунад.

Ҳукумати маҳаллии курдӣ даъвои минтақаи саршор аз захоири нафти атрофи шаҳри Киркукро дорад. Киркук шаҳри бисёр миллата мебошад, аммо курдҳои Ироқ онро пойтахти худ меҳисобанд.

Аммо қисми арабитабор ва туркмантабори аҳолии Киркук бо ин даъвоҳои курдҳо рози нестанд ва моҳҳои охир танишҳо миёни курдҳову ин ҷомеаҳо шиддат ёфта курдҳо Бағдодро муттаҳам мекунанд, ки дар ин баҳс туркманҳову арабҳоро ҷонибдорӣ мекунад.

Курдҳоро ба вижа гоми навбатии ҳукуматӣ марказӣ асабонӣ намуд. Бағдод тасмим гирифт фирқаҳои курдии артиши ироқиро аз минтақаи Киркук фаро хонда дар ивазашон фирқаҳои ғайри курди мустақар кунад. Мақомдорони курди мегуянд ки аз ин роҳ Бағдод мехоҳад тавозуни қудратҳои маҳалиро тағийр дода мавқеи курдҳоро заиф созад.

Мақомдорони амрикоӣ дар сӯҳбатҳои маҳрамона дар бораи ҳадафҳои сафари Гейтс мегӯянд, ки Вошингтон мехоҳад, дар баҳси курдҳову Бағдод нақши “миёнарави бетарафро” иҷро кунад. Ин баҳс боз ба як нуқтаи доғи тавозуни гуруҳҳои мазҳабӣ ва қавмии Ироқ табдил ёфт.

Вошингтон нигарон аст, ки агар ҳамаи ин гурӯҳҳо дар роҳи рафъи ихтилофҳои мавҷуда ба пешрафти чашмрас ноил нагарданд, ҳукумати эътилофии ноустувори он кишвар баъд аз рафтани неруҳои Амрико побарҷо нахоҳад монд.
XS
SM
MD
LG