Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии дӯстӣ дар бозии Регар-ТадАЗ ва Локомотив


Бозии байналмилалии рафиқона байни дастаи футболи «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода ва тими ҷавонони «Локомотив»-и Маскав, ки бегоҳи 28-уми июл дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бо ҳузури 20 000 тамошобин баргузор шуд, бо ҳисоби мусовии 2:2 ба анҷом расид.

Давронҷон Тухтасунов, ҳамлагари «Регар» ТадАЗ, дар нимаи аввали бозӣ, дар дақиқаи 13-ум ҳисобро кушод. Дмитрий Полоз, ҳамлагари «Локомотив», дар нимаи дуввум, дар дақиқаи 68-ум ҳисобро баробар кард. Дар замони изофӣ (90+5) аввал бозигари мизбонон Мансур Ҳакимов ва сипас бозигари меҳмонон Виталий Дяков якголӣ ба самар расонданд.

Ринат Билолиддинов, сармураббии дастаи ҷавонони бошгоҳи футболи «Локомотив», пас аз анҷоми ин бозӣ дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт: «Ман аз бозии шогирдони худ қаноатмандам. Ҳарифи мо – дастаи «Регар» ТадАЗ ба ман писанд омад. Ин даста футболи муосирро намоиш медиҳад. Ба ман, бахусус, дақиқаҳои охири бозӣ, ки хеле пуршиддат ва тамошобоб сурат гирифт, маъқул шуд. Умуман, ин бозӣ ба мо таассуроти нек боқӣ гузошт ва дар хотироти мо нақш хоҳад баст. Аз мизбонон, ки моро ба Душанбе даъват намуда, хуб пазироӣ карданд, хеле миннатдорем».

Маҷмадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии «Регар» ТадАЗ, ба Радиои Озодӣ гуфт, ин бозӣ барои дастаи мо як имтиҳоне буд пеш аз даври ниҳоии Ҷоми раиси Конфедератсияи футболи Осиё ва мо имкон пайдо кардем, ки ҳолати омодагии техникию тактикӣ ва ҷисмонии бозигаронамонро бисанҷем.

Дар бозии дӯстона дар ҳайати ҷавонони «Локомотив», инчунин, ҳимоятгари 17-сола Маҳмаднаим Шарифӣ, номзад ба узви дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон, хуб ҳунарнамоӣ кард.

Вале сармураббии дастаи асосии «Локомотив» Юрий Сёмин, ки солҳои 1983-1985 ҳамчун сармураббии дастаи «Помир»-и Душанбе бомуваффақият кор карда, барои ба лигаи олии чемпионати Иттиҳоди Шӯравӣ роҳ ёфтани «Помир» заминаи устувор гузошта буд, ба Душанбе омада натавонист, зеро ӯ «Локомотив»-ро ба бозии даври 16-уми премйер-лигаи Русия муқобили тими «Ростов» омода мекунад.

Маросими супурдани фахрномаҳо ба футболбозон
Ин бозии байналмилалии рафиқона, ки бо ибтикори бошгоҳҳои футболи «Регар» ТадАЗ ва «Локомотив», кӯмаки молии сарпарасти «Регар» - ТАЛКО (Ширкати алюминии тоҷик), инчунин, дастгирии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ва Федератсияи футболи кишвар доир шуд, ба иди футбол табдил ёфт.

Пеш аз оғози бозӣ ба майдон ҳунарманди маъруф Ҷамшед Исмоилов баромада, суруди дӯстдоштаи мухлисони футболи тоҷик «Помир», «Помир»-ро иҷро кард. Дар ҳавои ин суруд собиқ мураббиёну футболбозони дастаи машҳури «Помир»-и Душанбе Шариф Назаров, Олег Хаби, Юрий Ринков, Хусрав Содиқов, Салимҷон Султонов, Темур Хушматов, Владимир Мордовин, Валерий Турсунов, Абдуғаффор Юлдошев, Ҳасан Мустафоев, Сулаймон Бобокалонов, Вазген Манасян, Мӯҳсин Муҳаммадиев, Ҳаким Фузайлов, Алишер Афғонов, Ораз Назаров, Алиёр Ашӯрмамадов, Игор Черевченко ва Рустам Убайдуллоев вориди майдон шуданд. Онҳоро тамошобинон гарму ҷӯшон истиқбол карданд.

Маликшоҳ Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, ба шаш нафар меҳмонон, шогирдони футболи тоҷик - Олег Хаби (мураббии мактаби футболи бошгоҳи «Локомотив»-и Маскав), Мӯҳсин Муҳаммадиев (мудири варзишии бошгоҳи футболи «Рубин»-и Қазон), Вазген Манасян (мураббии мактаби варзишии шаҳри Полтаваи Укроин), Ҳаким Фузайлов (мураббии дастаи «Локомотив»), Ҳасан Мустафоев (мураббии бошгоҳи «Рубин») ва Игор Черевченко (мураббии дастаи ҷавонони «Локомотив»), ки ба шарофати ин бозӣ пас аз муддати тӯлонӣ ба Душанбе омадаанд, ҷомаву тоқӣ пӯшонд.

Инчунин Мӯҳсин Муҳаммадиев, ки дар назархоҳии Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон ва Оҷонсии варзишии иттилоъотии «Варзиш-Спорт» беҳтарин футболбози Тоҷикистон эътироф шудааст, бо дипломҳои ин созмонҳо сарфароз гардид.

Ҳангоми танаффуси ин бозии дӯстона, ҳамчунин, ба варзишгари ҷавони тоҷик Сӯҳроб Хоҷаев, барандаи медали нуқраи сабқати ҷаҳонӣ дар гурзандозӣ дар Итолиё, аз ҷониби Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мукофотпулӣ ба маблағи 4 000 сомонӣ супурда шуд. Мураббии ӯ Дилшод Назаров бо 2200 сомонӣ ва раҳбари дастаи варзиши сабуки Тоҷикистон Улмас Олимов бо 900 сомонӣ сарфароз гаштанд.
XS
SM
MD
LG