Пайвандҳои дастрасӣ

Клинтон: "Чин мухолифи Эрони ҳастаист"


Ҳилларӣ Клинтон – вазири умури хориҷаи Амрико дирӯз гуфт, кишвараш ва Ҷумҳурии Мардумии Чин мухолифи табдил ёфтани Эрон ба як қудрати атомианд. Ҳилларӣ Клинтон ба хабарнигорон гуфт, хушнуд аст, ки Чин нигарониҳои Амрико аз табдил ёфтани Эрон ба як кишвари соҳиби силоҳи атомиро дарк мекунад. Ҳамчунин Тимотӣ Гейтнер – вазири дороии Амрико гуфт, давлати Чин ба Амрико ваъда додааст, ки тақозо дар дохили кишварро афзоиш дода ва дар амри эҳёи иқтисоди ҷаҳонӣ кӯмак мекунад. Як рӯз пеш аз ин Амрикову Чин музокироти стротежии худ дар сатҳи олиро дар шаҳри Вашингтон хотима доданд.
XS
SM
MD
LG