Пайвандҳои дастрасӣ

Кӯмакҳои молии хориҷиён ба Толибон


Ричард Ҳолбрук - фиристодаи хоси Амрико барои Афғонистону Покистон, гуфт, ҷангҷӯёни Толиб назар ба фоида аз қочоқи маводи мухаддир, аз тарафдорони хориҷиашон кӯмаки молии бештар ба даст меоранд. Ричард Ҳолбрук рӯзи сешанбе дар қароргоҳи НАТО ба хабарнигорон гуфт, «зоҳиран аксари ин кӯмакҳои молӣ ба Толибон аз Халиҷи Форс” мерасанд. Ричард Ҳолбрук афзуд, ҳеҷ шаҳодате дар даст нест, ки ҳукуматҳои кишварҳои Халиҷи Форс ва ё ҷойҳои дигар Толибонро сармоягузорӣ мекунанд. Бино ба арзёбиҳои мақомоти НАТО дар Афғонистон, Толибон солона аз ҳисоби қочоқи маводи мухаддир аз 80 то 100 миллион доллар ба даст меоранд.
XS
SM
MD
LG