Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Юриш ба ӯрдугоҳи Муҷоҳиддини Халқ


Нерӯҳои амниятии Ироқ рӯзи сешанбе ба қароргоҳи гурӯҳи Муҳоҷиддини Халқи Эрон юриш бурда ва онро таҳти контроли худ даровардаанд. Қароргоҳи ин гурӯҳи мухолиф ба давлати Эрон дар вилояти Диёлои Ироқ воқеъ аст ва давлати Ироқ аз ин гурӯҳ пештар хоста буд, хоки ин кишварро тарк кунад. Ба гуфтаи сухангӯи Муҷоҳиддини Халқ, дар ҷараёни юриш чаҳор нафар кушта ва афроди зиёде ҳам захмӣ шудаанд. Бино ба гузоришҳо, дар миёни маҷрӯҳон маъмурони амниятии Ироқ ҳам будаанд. Давлати Ироқ мехоҳад, ба хотири ҳифзи равобит бо Эрон Муҷоҳиддини Халқ хоки Ироқро тарк кунанд, аммо ҳукумати Амрико, ки аз ин гурӯҳ доир ба Эрон иттилоъот ба даст меорад, хостааст, то Муҷоҳиддини Халқро ба зӯрӣ ихроҷ накунанд.
XS
SM
MD
LG