Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзи пурқурбонӣ дар Афғонистон


Имрӯз бар асари таркишу ҳамлаҳои интиҳорӣ дар Афғонистон, дар маҷмӯъ, 16 нафар ҷон бохтанд. Дар вилояти Ҳилманд, воқеъ дар ҷануби кишвар, бар асари таркиш 8 корманди ширкати хусусии ҳифозатӣ кушта ва чаҳор нафари дигар маҷрӯҳ шуданд. Ба иттилоъи вазорати умури дохилаи Афғонистон, мошини муҳофизон аз бомби идорашаванда инфиҷор шудааст. Дар вилояти Хуст, воқеъ дар ҷанубу шарқи кишвар бошад, як мошини боркаш инфиҷор кард ва мунҷар ба ҳалокати се корманди як ширкати бинокорӣ шуд. Ба думболи ин муҳофизон иштибоҳан сӯи мардуми дар ҷойи ҳодиса ҷамъомада оташ кушоданд ва аз тири онҳо боз се нафари дигар ба ҳалокат расиданд.
Боз як нафари дигар дар вилояти Лағмон баъди он ба ҳалокат расид, ки афроди мусаллаҳи ношинос кормандони ситоди интихоботии яке аз номзадҳо ба мақоми раисиҷумҳури Афғонистонро тирборон карданд.
XS
SM
MD
LG