Пайвандҳои дастрасӣ

Барномаи густардаи Амрико дар Ховари Миёна


Фиристодаи Амрико Ҷорҷ Митчелл (аз чап) ва сарвазири Исроил, Бенямин Нетаняҳу, Байтулмуқаддас, 28-уми июли соли 2009.

Фиристодаи Амрико Ҷорҷ Митчелл (аз чап) ва сарвазири Исроил, Бенямин Нетаняҳу, Байтулмуқаддас, 28-уми июли соли 2009.

Бо мақсади ба таври ҷиддӣ аз сар гирифтани раванди сулҳи Ховари Миёна ҳукумати Иёлоти Муттаҳида чаҳор намояндаи аршади худро ба ин минтақа фиристодааст.

Ин вакилони баландпояи Амрико аз як сӯ бартариҳои тарҳи сулҳ дар биниши Вашингтонро таблиғ ва тасбит мекунанд ва аз сӯи дигар мехоҳанд, ба масъалаҳои чандгонаи минтақа ҳамзамон расидагӣ намоянд.
Раванди сулҳ байни мо ва ҳамсоягони фаластиниямон ва дар ниҳояти амр дар тамоми минтақа пеш хоҳад рафт ва ман ба идома додани он ба самти муваффақият хушбинам...

Cафкашии намояндаҳо ва дипломатҳои раддаи аввал баёнгари он аст, ки то куҷо раисиҷумҳури Амрико, Барак Обама, омодааст, обрӯйи сиёсии кишварашро ба эҳё ва пешбурди раванди сулҳи Ховари Миёна сарф кунад.

Фиристодаи вижаи ӯ, Ҷорҷ Митчелл ин ҳафтаро дар сафарҳои мокувори байни Исроил, қаламравҳои фаластинӣ, Сурия ва Миср ба сар бурд. Ба ақидаи президент Обама, ҳама гуна мусолиҳа танҳо замоне комёб мегардад, тамоми минтақаро ба ҳам орад.

Ҳамин нуктаро Митчелл пас аз гуфтушунид бо сарвазири Исроил, Бенямин Нетаняҳу, ин гуна дар миён гузошт: "Сулҳ аз дидгоҳи президент Обама фарогири ҳамаи Ховари Миёна аст, аз ҷумла сулҳи байни Исроил ва фаластиниҳо, байни Сурия ва Исроил ва байни Исроил ва Лубнон ва эътидоли равобит миёни Исроил ва ҳамаи ҳамсоягонаш дар минтақа. Ин мақсади мост ва ҳамагӣ сарсупурдаи ин мақсад мебошем."

Митчелл дар Димишқ бо раисиҷумҳури Сурия, Башор Асад мулоқот кард ва мегӯяд, эҳёи муколамаи Исроилу Сурия, "мақсади кӯтоҳмуддат"-и Вашингтон аст. Сухангӯйи Кохи Сафед дар ҳамин ҳол гуфтааст, ҳукумати Обама мехоҳад, фишори таҳримҳои иқтисодии Иёлоти Муттаҳида ба Сурияро коҳиш диҳад.

Дар ин байн, вазири дифоъи Амрико, Роберт Гейтс, бо подшоҳи Урдун, Малик Абдуллоҳ, таҳдиди эҳтимолии барномаи, гуфта мешавад, силоҳи ҳастаии Эронро баррасӣ кард.

Эрон зоҳиран, ба яке аз бузургтарин монеаҳои сулҳи Ховари Миёна табдил меёбад. Исроил мегӯяд, то замоне ки масъалаи барномаи ҳастаии Эрон ҳал нашавад, сулҳ бо фаластиниҳо маъние нахоҳад дошт. Пас аз мулоқот бо шоҳи Урдун, Гейтс ҳушдор дод, ки агар Теҳрон ба даъвати муколама посух надиҳад, Вашингтон ба таҳримҳои наву шадидтар рӯ хоҳад овард.

Ҳамзамон дар Исроил, Ҷорҷ Митчелл аз сарвазир Нетаняҳу тақозо кард, Исроил бунёди шаҳракҳои муҳоҷирнишинро дар қаламравҳои фаластинӣ қатъ кунад. Раисиҷумҳури Амрико дар ин масъала ҷиддан пойфишорӣ мекунад, ва ин яке аз муҳимтарин мояҳои соиш байни Амрикову Исроил аст.

Нетаняҳу исрор меварзад, ки бояд ба кишвараш барои расидагӣ ба мушкилоти рушди табиӣ иҷозаи густариши шаҳракҳои мавҷуда дода шавад. Аммо ҳарду тараф аз гуфтушунид розӣ ба назар расиданд.

Нетаняҳу гуфт: "Ба фикрам, мо дар фаҳмиши масъала, ки моро ба идома ва анҷом додани раванди сулҳ водор мекунад, пешрафт дорем. Раванди сулҳ байни мо ва ҳамсоягони фаластиниямон ва дар ниҳояти амр дар тамоми минтақа пеш хоҳад рафт ва ман ба идома додани он ба самти муваффақият хушбинам."

Маъмурияти худгардони Фаластин гуфтааст, танҳо замоне гуфтушуниди сулҳро идома хоҳад дод, ки исроилиҳо сохтмони шаҳракҳоро қатъ кунанд.

Гуфтушунидҳо дар минтақа акнун аз тарафи мушовири Кохи сафед дар умури амнияти миллӣ, Ҷеймс Ҷонс ва дипломати собиқадори Амрико, Деннис Росс идома хоҳад ёфт.
XS
SM
MD
LG