Пайвандҳои дастрасӣ

Митчелл ва Нетаняҳу аз "пешрафти хуб" ҳарф заданд


Фиристодаи вижаи раисиҷумҳури ИМА дар умури Ховари Миёна Ҷорҷ Митчелл ва сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу имрӯз изҳор карданд, ки дар музокирот бахшида ба мавзӯъи хатми низомъ миёни Исроилу Фаластин ба "пешрафти хуб муваффақ шудаанд". Дар ин гуфтушунид асосан мавзӯъи густариши маҳаллаҳои яҳудинишн дар қаламравии ишғолии Фаластин баррасӣ шуд. Вошингтон чандин бор талаб карда буд, ки Тел-авив бунёди манозили нав дар ин маҳаллаҳоро қатъ кунад ва аммо мақомоти Исроил идомаи бунёди манзилҳоро бо афзоиши аҳолӣ марбут мекарданд.
Ҷорҷ Митчелл аз ин пеш аз Сурия, Миср ва Каронаи қарбии руди Урдун дидан карда буд.
XS
SM
MD
LG