Пайвандҳои дастрасӣ

Интизориҳо аз натоиҷи сафари Зардорӣ


Осиф Алии Зардорӣ, раисиҷумҳури Покистон

Осиф Алии Зардорӣ, раисиҷумҳури Покистон

Кишвари Покистон ба баҳрабардорӣ аз манобеи саршори энержии минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, ҳамеша алоқаманд будааст.

Ва ин алоқамандӣ дар нисбат ба Тоҷикистон ба сохтмони нирӯгоҳҳои азими барқи обӣ, ки Покистон ба нирӯи он шадидан ниёзманд мебошад, зоҳир шудааст. Ва барои дарозмуддат, ба гуфтаи коршиносон, ин кишвари Осиёи ҷанубӣ ба воридоти нирӯи барқи арзонқимати обии Тоҷикистон ҷиҳати рушди саноати худ ҳисоб гузоштааст.

Тӯли ин муддат равобити Тоҷикистон ва Покистон ба сари қазияи Афғонистон дучори мушкил низ шуда буд. Вале бо вуҷуди ин мушкилот ва солҳо ба таъхир уфтодани сохтмони нирӯгоҳҳо ва монеаҳои мавҷуд барои ворид шудани Покистон ба бозори энержии Осиёи Марказӣ ин кишвар ҳамчунон тасмим дорад, дар сохтмони ин нирӯгоҳҳо саҳм бигирад ва нирӯи барқи Тоҷикистонро харидорӣ намояд.

Ба ин мазнур қаблан қарордоди сохтмони ду хати интиқоли барқ то Покистон яке хати мустақим тавассути долони Вахон ва дигаре тавассути пайваст шудан ба шабакаи барқи Афғонистон ба имзо расидааст.

Покистон аз нахустин кишварҳое буд, ки истиқлоли Тоҷикистонро шинохт ва дар тобистони соли 1992 сафорати худ дар Душанберо боз кард. Раисиҷумҳури нахустини интихобшудаи Тоҷикистон Раҳмон Набиев низ аз аввалин сафарҳои хориҷии худро ба Покистон анҷом дод.

Музокироти нотамом сари нирӯгоҳи Роғун


Алоқамандии Покистон ба харидории нирӯи барқи Тоҷикистон аз соли 1992 изҳор ва музокироте низ сари эҳтимоли сармоягузории Покистон дар сохтмони Роғун анҷом шуда буд. Ва сухан аз як қарордоди 500-миллиондолларӣ низ сари забонҳо буд.

Исломобод дар ҷараёни ҷанги дохилии Тоҷикистон ва музокироти сулҳ мизбони як даври музокироти таърихии сулҳи тоҷикон низ буд. Аммо рӯиҳамрафта ба ду далел - яке ин ки Покистон то ҷое ба сурати нимарасмӣ аз мухолифони мусаллаҳи давлати Тоҷикистон дар авоили солҳои навад ҳимоят мекард ва ба бархе аз раҳбарони онҳо паноҳгоҳ дода буд ва дигар ҳам ҳимояти Покистон аз Толибон ва пуштибонии Тоҷикистон аз ҷабҳаи шимол ду кишвар дар қутбҳои мухталиф қарор гирифтанд.

Ва дар як маврид ҳатто Тоҷикистон ба ширкати Покистон дар Созмони Ҳамкории Шонгҳой ба унвони нозир мухолифат карда буд.

Аммо акнун мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки Покистон дар аксар маврид аз ибтикорҳои Тоҷикистон дар сатҳи байнулмилалӣ ҷонибдорӣ карда ва муносибот дар марҳилаи дигаре қарор гирифтааст. Тоҷикистон аз роҳ ёфтан ба бозорҳои Покистон мехоҳад роҳеро ҳамчунин барои содироту воридоти худ дар обҳои гарм пайдо кунад. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, аз сафари Осиф Алии Зардорӣ ба Тоҷикистон умедҳои калон доранд.

Аммо ин умедворӣ то куҷо метавонад бароварда шавад, Ва Покистон дар воқеъ дар чӣ заминае имкон ва зарфияти ҳамкорӣ бо Тоҷикистонро ҳифз кардааст?

Шубҳаҳо ва умедҳои коршиносон

Бисёре аз коршиносон мегӯянд, Покистон дар шароити кунунӣ ба далели гирифториҳои мухталифе, ки дорад тавони сармоягузории қобили мулоҳиза дар тарҳҳои азими энержии Тоҷикистон, назири сохтмони Роғунро баъид аст, ки дошта бошад.

Коршинос Масъуд Собиров мегӯяд, имкони ширкати Покистон дар тарҳҳои энержии хурду миёнаи Тоҷикистон вуҷуд дорад
Масъуд Собиров, устоди Донишгоҳи иқтисоди Тоҷикистон мегӯяд, иқтисоди Покистон бо вуҷуди имконоти фаровон дар соли ҷорӣ садамаи азиме аз бӯҳрони ҷаҳонии молӣ дида ва то ҳадди зиёде имкони сармоягузориҳои худ дар хориҷро коҳиш додаст. Аммо, мегӯяд оғои Собиров, ин кишвар ҳамчунон аз харидорони ояндаи бозори нирӯи барқи Тоҷикистон боқӣ монда ва имкони ширкати ҳукумати Покистон дар тарҳҳои мутавасситро сарфи назар намекунад.

Аз сӯи таҳлилгарон мегӯянд, ки рӯйдодҳои ахири минтақа, амалиёт алайҳи толибони покистонӣ ва густариши доманаи фаъолияти гурӯҳҳои тундрав дар шимоли Афғонистону шарқи Тоҷикистон, кишварҳои минтақаро дар рӯбарӯи як воқеияте қарор дод, ки он имкони нокомӣ дар баробари гурӯҳҳои тундраву ифротӣ дар сурати ҳамоҳанг накардани талошҳояшон дар муқобила бо ин гурӯҳҳо мебошад.

То кунун Покистон ба гунаи анъанавӣ кишваре содиркунандаи ифротӣ ва тундгаро унвон мешуд. Аммо Сайидаҳмади Қаландар, таҳлилгари тоҷик, мегӯяд, таҳаввулоти ахир нишон дод, ки Покистон манфиатдори шиддати хушунатҳо дар кишварҳои ҳамсояи худ аз ҷумла Тоҷикистон нест.

Ба гуфтаи оқои Қаландар, Покистон низ ба дарки ин воқеият расидааст, ки бо содир кардани нирӯи ифротӣ ва тундгаро наметавонад ба умқи стратегии марвиди назараш дар Осиёи Марказии фаросӯи Ому даст ёбад. Аз ин лиҳоз, мегӯяд коршинос, шояд даври наве дар муқобила бо ҳаракатҳои тундравӣ миёни кишварҳои минтақа, хоса Покистон ва кишварҳои боқӣ, оғоз шавад.

Аммо дар ин миён танҳо давлатмардони Душанбе ва Исломобод нестанд, ки дар тасмимгирӣ рӯи ҳар масъала ихтиёри комил дошта бошанд. Ва ба гуфтаи таҳлилгарон, музокироти Покистон бо Тоҷикистон бар сари Роғун дар гузашта бо назардошти мавзеи Маскав ба натиҷа нарасида буд.

Аз ҷумла, Осиф Алии Зардорӣ дар замони сарвазирии даври дуввуми ҳамсараш Бензир Бутто бо мақомоти Тоҷикистон дар Душанбе бар сари нирӯгоҳи Роғун ва харидории барқи арзонқимати Тоҷикистон музокираи бенатиҷае анҷом дода буд.

Он замон ӯ симати вазир дар ҳукумати Покистонро дар ӯҳда дошт. Акнун дер нест шоҳид бошем, ки Зардории раисиҷумҳур бо чӣ натиҷае аз музокироти Душанбе бар мегардад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG