Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нигаронии Кай Ейдӣ аз ҳамлаҳо ба фаъолони интихобот


Кай Ейдӣ, раиси намояндагии СММ дар Афғонистон аз он нигарон аст, ки толибон барои халалдор кардани интихоботи раёсатҷумҳурии рӯзи 20 август талош мекунанд. Ӯ баъд аз ташриф ба Комиссиюни мустақили интихоботӣ дар Кобул ба хабарнигорон гуфт: "Паёми ман ба ҳама, аз ҷумла, ба толибон, ин аст – ба манфиати ҳама ва ҳар афғон аст, ки интихобот дар ҳар вилояту волусволӣ ва деҳа баргузор шавад ва ҳамаи афғонҳо имкони ибрози ақида ва раъйдиҳиро дошта бошанд. Ин ба манфиати ҳар нафар аст".
Рӯзҳои ахир ҷангҷӯёни ҷунбиши “Толибон” алайҳи фаъолони маъракаҳои пешазинтихоботӣ чанд ҳамла анҷом доданд, ки бар асари онҳо як нафар кушта ва чандин нафар маҷрӯҳ шуданд.
XS
SM
MD
LG