Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чораҳои ҷилавгирӣ аз зукоми хук


Далил Тошматов, сардори идораи тандурустии вилояти Суғд, гуфт, барои пешгирии вуруди зукоми хук ба Тоҷикистон дар фурӯдгоҳ ва истгоҳҳои роҳи оҳан нуқтаҳои муоинавӣ кушода шудааст.

Вай дар як сӯҳбат бо радиои Озодӣ афзуд, равуои муҳоҷирони кории тоҷик ба Русия ва Қазоқистон, ки дар ин кишварҳо якчанд гирифтори зукоми хук ба қайд гирифта шудааст, эҳтимоли сирояти зукоми хук ба Тоҷикистонро бештар кардааст.

Ба гуфтаи ӯ, алҳол ҳодисаи гирифтории сокинон ба ин маризӣ расман ба қайд гирифта нашудааст.

Вируси «Н1Н1» ё маризии марговари зукоми хук аксаран муҳоҷирони тоҷикро ба ташвиш меорад. Садриддин, як сокини 47-солаи Хуҷанд, ки ду фарзандаш дар Русия мардикорӣ мекунанд, мегӯяд, хабари паҳни маризии зукоми хук дар Русия ӯро ба ташвиш овардааст.

Ӯ меафзояд, барои эҳтиёт ҳангоми ҳар як бозгашти фарзандонаш аз муҳоҷират онҳо аз ташхиси тиббӣ мегузаранд. Вай мегӯяд, «вақте онҳо аз Русия баргаштанд, мо аввал ба ташхис рафтем. Хушбахтона, натиҷаи ташхис мусбӣ баромад ва хотирамон ҷамъ шуд, ки сиҳату саломатанд».

Садриддин мегӯяд, агарчи сокинон мубталои бемории хатарзои зукоми хук нашудаанд, аммо вай зиёд мушоҳида кардааст, ки одатан сокиноне, ки аз Русия ба кишвар бармегарданд, аз як қатор маризиҳои сироятии дигар, ба мисли зардпарвин ва сил, бештар шикоят мекунанд.

Идораи назорати давлатии санитарию эпидемиологии Суғд мегӯяд, дар тӯли моҳҳои май ва июни соли ҷорӣ беш аз 18 ҳазор муҳоҷироне, ки ба кишвар баргаштанд, аз ташхис шудаанд, ки ҳудудан 1000 нафари онҳо кӯдакони то 1-сола будаанд. Абдухолиқ Давлатшоев, сардухтури хадамоти назорати давлатии санитарӣ ва эпидемологии вилояти Суғд, гуфт, ки ба ҳангоми ташхис аз муҳоҷирон аломатҳои зукоми хук ба қайд гирфта нашудааст.
XS
SM
MD
LG