Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Ҳилманд 8 муҳофиз ба ҳалокат расиданд


Дар вилояти Ҳилманд, воқеъ дар ҷануби Афғонистон, бар асари таркиш имрӯз 8 корманди ширкати хусусии ҳифозатӣ кушта ва чаҳор нафари дигар маҷрӯҳ шуданд. Ба иттилоъи вазорати умури дохилаи Афғонистон, мошини муҳофизон аз бомби идорашаванда инфиҷор шудааст.
Дирӯз вазорати дифоъи Бритониё аз хатми амалиёти густардаи низомӣ алайҳи ҷангҷӯён дар вилояти Ҳилманд хабар дода буд.
XS
SM
MD
LG