Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ғавғо дар робита ба кӯчидани сокинони Туркшӯрнова


Деҳаи Туркшӯрнова дар ноҳияи Панҷакент, 28-уми июли соли 2009.

Деҳаи Туркшӯрнова дар ноҳияи Панҷакент, 28-уми июли соли 2009.

Расонаҳои ахбори оми Узбакистон кӯчидани сокинони Туркшӯрноваро, ки шаҳрвандии Тоҷикистонро рад карданд, бозтоби таҳрикомез медиҳанд.

Беш аз дусад нафар аз узбактабороне, ки солиёни зиёд дар деҳаи Туркшӯрноваи ҷамоати Саразми шаҳри Панҷакент ба сар мебурданд, шаҳрвандии Тоҷикистонро напазируфта, довталабона барои зиндагӣ ба қаламрави Узбекистон кӯчиданд.
Вай гуфт, миёни миллати узбак мақоле ҳаст, ки мегӯянд «ба он ҷойе, ки аз он нон хӯрдӣ, чиҳил маротиба салом мебояд дод...

Сокинони деҳаи Туркшӯрнова, ки дар ҷанубу шарқи ноҳияи Панҷакент воқеъ аст, агарчи шаҳрванди Узбакистонанд, вале тӯли даҳсолаҳо дар хоки Тоҷикистон зиндагӣ мекарданд ва аз ҳамаи шароити иҷтимоию иқтисодӣ бархӯрдор буданд.

Аммо ахиран ин 42 хонаводаи узбактабор ҳушдори ҳукумати шаҳри Панҷакентро оиди қабули шаҳрвандии Тоҷикистон напазируфта, ин деҳаро тарк намудаанд ва ҳоло бо хоҳиши хеш ва талаби ҷониби Узбакистон ин чиҳил хонавода иқоматро дар деҳаи Ҷепи ҷамоати Янгиариқи ноҳияи Ургути вилояти Самарқанди Узбакистон ихтиёр намуданд.

Ба ақидаи аксарияти нозирон, ин сокинон аз ҳаққи шаҳрвандии худ истифода карданд ва азбаски шиносномаҳои Ҷумҳурии Узбакистонро доштанд, нахостанд, ба шаҳрванди Тоҷикистон табдил ёбанд. Аммо азбаски бо сабаби номуайянии марз ва рамзӣ будани марзи миёни ду давлат дар замони Шӯравӣ онҳо дар қаламрави Тоҷикистон маскан гузидаанд, ҳоло мебоист, тамим мегирифтанд, ки атбои кадоме аз ин ду давлат бошанд.

Мақомоти Тоҷикистон ба таври истисноӣ барои онҳо имконияте фароҳам овард, ки ба таври осон шаҳрвандии Тоҷикистонро қабул кунанд ва дар қаламрави Тоҷикистон боқӣ бимонанд. Аммо мақомоти Узбакистон аз онҳо хостанд, шаҳрвандии Узбакистонро рад накунанд. Дар он ҳол табъан ин шаҳрвандони Узбакистон наметавонистанд, дар қаламрави кишвари барояшон бегона ба сар баранд ва ин ҳол метавонист, мушкилоти зиёди ҳуқуқиеро ба думбол дошта бошад.

Мақомоти Узбакистон барои кӯчондани сокинони узбактабори деҳаи Туркшӯрнова автобусҳо фиристоданд.
Кӯчидан тасмими ихтиёрии худи шаҳрвандон буд, вале дар ҳамин ҳол ба қаламрави Узбекистон довталабона кӯчбастани сокинони деҳаи Туркшӯрноваро шабакаҳои телевизиони Узбакистон ба гунаи дигар шарҳ дода, мегӯянд, ки гӯё онҳо дар зери фишори мақомоти низомии Тоҷикистон ва ҳукумати маҳаллӣ қаламрави кишварро тарк карда бошанд.

Ин намоишҳои телевизионӣ дар минтақаҳои деҳоти наздимарзӣ пахш шуда, онро хамарӯза садҳо сокинон тамошо мекунанд. Ин амали номатлуб боиси нигаронии ҳукумати шаҳри Панҷакент шудааст.

Акбари Ҳақназар, корманди ҳукумати шаҳри Панҷакент мегӯяд, сокинони деҳаи Туркшӯрнова бо хоҳиши хеш ва талаби ҷониби Узбекистон ин деҳаро тарк намуданд. Онҳо ҳамчунин пешниҳоди ҳукумати шаҳри Панҷакентро оиди қабули шаҳрвандии Тоҷикистон напазируфтанд. Аммо гуфт, ӯ "вақтҳои охир, мутаассифона, шабакаи телевизиони марказии Узбекистон ва вилояти Самарқанди он барномаҳои иғвоангези дурӯғинро пахш мекунанд, ки ин як навъ низоъ хезонидан миёни ду халқи бо ҳам дӯст -- тоҷикону узбакон мебошад."

Ба таъиди ҳамин манбаъ пахши чунин намоишҳои таҳрикдиҳанди шабакаҳои телевизиони Узбакистон боиси эътирози мардум дар ҳамсоядеҳоти Туркшӯрнова шудааст, ки онхо низ аз лиҳози қавмият узбактабор мебошанд.

Шамсиддин Икромов, як тан аз сокинони деҳаи Шӯрноваи ҷамоати Саразм, ки чанд нафар аз кӯчбастагон ҳамсинфонаш будаанд, намоишҳои телевизиониро бӯҳтон ва иғво шуморида гуфт, "чанде қабл мо як барномаи телевизониро оиди он нафарони ҳамдеҳотиамон , ки кӯч баста буданд, тамошо намуда, дар ҳайрат мондем. Зеро муаллиф ва дӯстони ман, ки он ҷо баромад менамуданд, сар то ба пой дурӯғ мегуфтанд. Вай гуфт, миёни миллати узбак мақоле ҳаст, ки мегӯянд «ба он ҷойе, ки аз он нон хӯрдӣ, чиҳил маротиба салом мебояд дод», аммо дӯстони ман ин фармудаи миллати узбак ва нони хӯрдаашонро бо суханони дурӯғи хеш пеши пой заданд."

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи роҳбарияти гумруки водии Зарафшон ҳудуди ду сол мешавад, ки ҷониби Узбакистон гузаргоҳи сарҳадии Ҷартеппаи вилояти Самарқандро якҷониба баста, убуру мурури шаҳрвандони Тоҷикистонро аз он қатъиян манъ намудааст ва ба пурсиши чандинкаратаи расмии мақомоти гумруки Тоҷикистон ҷониби Узбакистон роҷеъ ба ин қазия то ба имрӯз посухе нагуфтааст.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG