Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вошингтон таҳримҳо алайҳи Димишқро коҳиш медиҳад


Иёлоти Муттаҳида ният дорад, ки таҳримҳои иқтисодӣ алайҳи Сурияро коҳиш диҳад. Ба иттилоъи Кохи Сафед, фиристодаи вижаи ИМА дар умури Ховари Миёна Ҷорҷ Митчел зимни музокирот бо раисиҷумҳури Сурия Башор Асад дар Димишқ гуфт, ки қабл аз ҳама маҳдудиятҳо дар мавриди содироти таҷҳизоти муосири технологӣ аз байн бардошта мешавад.
Вошингтон баъд аз куштори сарвазири собиқи Лубнон Рафиқ Ҳарирӣ дар моҳи феврали соли 2005 ум дар Бейрут равобити дипломатӣ бо Вашингтонро қатъ кард. ИМА масъулияти ин кушторро бар дӯши Сурия вогузошта буд. Моҳи июни соли равон Вошингтон эълом дошт, ки сафири худро дубора ба Димишқ мефиристад.
XS
SM
MD
LG