Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дастаи футболи «Локомотив»-и Маскав барои ширкат дар бозии рафиқона бо тими «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода субҳи имрӯз, 28-уми июл, ба Душанбе омад.

Ёдовар мешавем, ки бозии дӯстона бегоҳи имрӯз дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд. Ба иттилоъи Шариф Назаров, президенти бошгоҳи футболи «Регар» ТадАЗ, ба ҳайати «Локомотив» 15 бозигар шомиланд, ки аслан онҳо аъзои дастаи ҷавононанд. Байни онҳо бозигарони нисбатан маъруф, ки ба Душанбе омаданд, дарвозабон Иван Пелиссолии итолиёвӣ ва собиқ ҳимоятгари дастаи мунтахаби миллии Русия, барандаи ҷоизаи биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон байни ҷавонон дар соли 1991 Юрий Дроздов мебошанд. Дроздов феълан дар дастаи «Локомотив-2» бозӣ мекунад.

Ба гуфтаи Шариф Назаров имрӯз дар ҳайати ҷавонони «Локомотив» дар бозии дӯстона, инчунин, ҳимоятгари 17-сола Маҳмаднаим Шарифӣ, номзад ба узви дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон, бозӣ хоҳад кард. Ҳамчунин, шогирдони футболи тоҷик Олег Хаби, Ҳаким Фузайлов, Игор Черевченко, ки дар айни ҳол дар бошгоҳи футболи «Локомотив» кор мекунанд, ба Душанбе омаданд. Вале сармураббии ҳайати асосии «Локомотив» Юрий Сёмин ба Душанбе омада натавонист, зеро ӯ ҳайати асосии дастаро ба бозии даври 16-уми премйер-лигаи Русия муқобили тими «Ростов» омода мекунад. Воқеъан, ҳоло дар ҷадвали мусобиқот «Локомотив» ва «Ростов» бо 19-имтиёзӣ мутаносибан дар зинаҳои 10-уму 11-ум қарор доранд.

Ҳайати ҷавонони «Локомотив», ки таҳти раҳбарии мураббӣ Ринат Билолиддинов ба Душанбе омад, чунин аст:
дарвозабонҳо – Иван Пелиссоли, Иля Киселев; ҳимоятгарон– Сергей Ефимов, Маҳмаднаим Шарифӣ, Виталий Дяков, Сергей Гриченков («Локо-2»), Руслан Камболов; нимҳимоятгарон – Семён Фомин, Юрий Дроздов («Локо-2»), Денис Войнов, Алан Чочиев, Никита Самохин; ҳамлагарон– Дмитрий Полоз, Александр Панковетс, Александр Минченков.

Собиқ бозигарони машҳури «Помир» ҳамлагарон Мӯҳсин Муҳаммадиев (дар айни ҳол мудири варзишии бошгоҳи футболи «Рубин»-и Қазон) ва Вазген Манасян (мураббии мактаби варзишии шаҳри Полтаваи Укроин) , инчунин, ҳимоятгар Ҳасан Мустафоев (солҳои 1985-1986 дар дастаи асосии «Помир» ҳунарнамоӣ кардааст ва ҳоло дар «Рубин» кор мекунад), ки барои тамошои ин бозии дӯстона ба Душанбе омадаанд, дар Варзишгоҳи марказии пойтахти Тоҷикистон ба ҳайси меҳмонони фахрӣ ҳузур хоҳанд дошт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG