Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷаҳиши қимати нерӯи барқ дар Тоҷикистон


Ҳукумати Тоҷикистон қимати нерӯи барқ барои мардум ва тамоми муассисаҳои кишварро 25 дар сад боло бурдааст. Қарори ҳукумат, ки дирӯз тасвиб шудааст, аз рӯзи якуним август ҳукми иҷро мегирад. Ба гуфтаи Амонулло Ашӯр – муовини аввали вазири энергетика ва саноъати Тоҷикистон, афзоиш додани қимати нерӯи барқ, бар асоси тавсияҳои созмонҳои байналмилалии молӣ аст, аз ҷумла Бонки Ҷаҳонӣ ва Созмони Байналмилалии Пул аст, ки ба Тоҷикистон дар иҷрои барномаҳои иқтисодиаш кӯмак мекунанд. Ба гуфтаи Амонулло Ашӯр, қимати нерӯи барқ дар Тоҷикистон дар муқоиса ба кишварҳои дигари муштаракулманофеъ пасттар аст ва бояд то соли 2010 қимати ҳар киловат соат нерӯи барқ дуву аз даҳ панҷ сент таъйин шавад.
XS
SM
MD
LG