Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тақозои намояндаи ИМА аз арабҳову яҳудиён


Ҷорҷ Митчелл - фиристодаи хоси Амрико дар умури Ховари Миёна аз Исроилу фаластиниён ва кишварҳои арабӣ хост, барои расидан ба сулҳ дар минтақа қадамҳои мушкилкушо бардоранд. Вай гуфт, тамоми тарафҳои дахил дар низоъ бояд барои расидан ба сулҳ кори бештаре анҷом диҳанд. Ҳангоми гуфтӯгу бо Маҳмуд Аббос – раиси ҷумҳури фаластиниён дар Канораи Ғарби Рӯди Урдун, Ҷорҷ Митчелл гуфт, “Амрико ҳар кори аз дасташ омадаро мекунад, то ба сулҳи фарогире дар минтақа даст ёбад.” Айни замон Роберт Гейтс - вазири дифоъи Амрико дар Исроил қарор дорад, то ҷиҳати ҷараён бахшидан ба раванди сулҳ дар Ховари Миёна ва барномаҳои ҳастаии Эрон бо мақомоти исроилӣ гуфтӯгу кунад.
XS
SM
MD
LG