Пайвандҳои дастрасӣ

Обама доир ба ҳамкориҳои Амрикову Чин


Барак Обама – раиси ҷумҳури Амрико дирӯз гуфт, ҳамкориҳои Иёлоти Муттаҳида ва Чин сарнавишти қарни 21 рақам хоҳад зад: Ҳамкориҳои миёни Иёлоти Муттаҳида ва Чин қарни 21 ро шакл хоҳад дод, ки онро муҳимтар аз ҳаргуна ҳамкориҳои дуҷониба дар ҷаҳон мекунад. Ва ин бояд асоси ҳамкориҳои мо бошад ва ин масъулиятест, ки мо якҷо онро бар дӯш дорем." Барак Обама гуфт, роҳ надодан ба густариши силоҳҳои атомӣ ҳам ба нафъи Амрико ва ҳам ба нафъи Чин аст. Вай дар ин замина ба Эрону Куриёи Шимолӣ ишора кард, ки ба эътиқоди кишварҳои ғарбӣ дар пайи дастёбӣ ба ҷангафзорҳои атомӣ мебошанд.
XS
SM
MD
LG