Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Оғози гуфтушуниди Амрикову Чин дар Вашингтон


Раисиҷумҳури Амрико, Барак Обама, гуфт, равобити Амрико бо Чин ба дараҷаи пайвандҳое муҳиманд, ки ҷаҳони садаи 21-ро ташаккул медиҳанд. Дар расми бози гуфтушунидҳои сатҳи олии ду кишвар дар Вашингтон, Обама ҳамчунин гуфт, Иёлоти Муттаҳида ва Чин ба ҷилавгирӣ аз густариши таслиҳоти ҳастаӣ манфиатдоранд. Вай Кореяи Шимолӣ ва Эронро ду кишваре номид, ки дар пайи дастёфт ба силоҳи ҳастаиянд. Обама ба таҳкими ҳамкориҳои Чину Амрико даъват кард:

"Иёлоти Муттаҳида ва Чин ду бузургтарин масрафкунандаи энержӣ дар ҷаҳонанд. Мо ҳамчунин ду ду бузургтарин тавлидкунандаи бухорҳои гулхонаӣ дар ҷаҳонем. Биеёд ошкор ҳарф занем. Ҳеҷ кадоми мо аз ин вобастагии рӯзафзун ба нафти хориҷӣ фоидае намегирем ва то замоне ки ҳамкорӣ накунем, мардумони худро аз харобиҳои тағйири иқлим наҷот дода наметавонем."

Раисиҷумҳури Амрико инро ҳам тазаккур дод, ки Чин бояд ба ҳуқуқи миллӣ ва мазҳабии ақаллиятҳои Чин арҷ гузорад. Ин суханони Обама дар ҳоле садо мендиҳанд, ки хушунатҳои ахири қавмӣ дар Шинҷони Чин 184 кушта ба ҷой гузошт.
XS
SM
MD
LG