Пайвандҳои дастрасӣ

Дилшод, як ҷавонони 25-солаи Хуҷанд, мегӯяд, дар ягон интихобот раъй надодааст ва дар оянда низ дар чунин маъракаҳо иштирок нахоҳад кард.

Ин мусоҳибам меафзояд, ки ба раъйдиҳӣ ва баргузории маъракаҳои сиёсӣ эътимод надорад ва бовар дорад, ки ба ҷуз ниҳодҳои ҳизби ҳоким дигар ҳизбе дар интихоботҳо дастболо намешавад. Дилшод мехоҳад, бештари вақташро ба тиҷорат масраф кунад, на ҳаёти сиёсӣ.

Дилшод мегӯяд, «ман бисёр ҷавононро мебинам, ки шавқи иштирок кардан дар ин гуна маъракаҳоро надоранд. Онҳо аз пайи дарёфти рӯзӣ шуда, намехоҳанд, вақти қиимати худро барои чунин корҳо сарфа намоянд. Барои онҳо муҳим дарёфти рӯзист».

Натиҷаҳои назарпурсӣ нишон дод, ки аз 120 нафар ҷавонони назарпурсишуда танҳо 11 нафар дар маъракаҳои сиёсӣ иштирок мекунанд ...
Шоҳин, ҷавонони дигари мусоҳибам, низ гуфт, ки чандон шавқи иштирок дар маъракаҳои сиёсиро надорад. Ӯ мегӯяд, аз сабаби он, ки барои мардикорӣ ба Русия меравад, аз баргузории маъракаҳои сиёсӣ хабар надорад ва низ намехоҳад, ки иштирокчии ин маъракаҳо бошад.

Ин дар ҳолест, ки ахиран Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони ҷавон мавсум ба «Ампаро» аз нақши камранги ҷавонони суғдӣ дар маъракаҳои ҳаётан муҳими сиёсиро пажӯҳиш намуда гуфтааст, ки ба далели ниёзмандӣ ва муҳоҷирати корӣ таваҷҷӯҳи ҷавонон ба маъракаҳои ҷамъиятиву сиёсӣ костааст.

Рустам Гулов, як ташаббускори ташкилоти «Ампаро», мегӯяд, натиҷаҳои назарпурсӣ нишон дод, ки аз 120 нафар ҷавонони назарпурсишуда танҳо 11 нафар дар маъракаҳои сиёсӣ иштирок мекунанд.

Рустам мегӯяд, қисмати бештари ҷавононро дар донишгоҳҳоу корҳои ҷамъиятӣ ҷонибдорони ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ аз тарғиб ва иҷборӣ шомил намудаанд ва, мутаасифона, таблиғу ташвиқи дигар ҳизбҳои сиёсӣ эҳсос намешавад.

Аммо Маъмури Юсуфзод, як коршиноси ҷавон, мегӯяд, имрӯз дар донишгоҳҳо чун замони Шӯравӣ машғулиятҳое, ки ҷавононро дар умури сиёсӣ ҷалб кунанд, зиёд ба чашм намехӯрад. Ба қавли ин коршинос, қисмати умдаи ҷавонон шавқе ба интихобот ва дигар маракаҳои сиёсӣ надоранд.

Аз рӯи тадқиқоти ташкилоти «Ампаро» ҳоло беш аз 43 дарсади аъзоёни Ҳизби наҳзати Исломии Тоҷикистон дар вилояти иборат аз ҷавононанд буда, саҳми ҷавонон дар узвият ба ҳизби ҳоким дар вилояти Суғд ба 1,6 дарсад баробар аст. Узвияти ҷавонон ба Ҳизби комунист дар вилояти Суғд ба мушоҳида нарасидааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG