Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Омодагии Тоҷикистон ба нишасти Чаҳоргона


Мақомоти расмии Тоҷикистон мегӯянд, таркишҳои ахир дар шаҳри Душанбе ва рӯйдодҳои шарқи кишвар ба мулоқоти чаҳор раисиҷумҳури Русия, Покистон, Афғонистон ва Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе таъсире нахоҳанд дошт. Тавре хабар дода будем, шаби шанбе ва бомдоди якшанбе дар ду маҳалли пойтахти Тоҷикистон ду инфиҷори хурд ба вуқӯъ пайваст, ки бар асари он касе кушта ё захмӣ нашуда бошад ҳам, ба биноҳои атроф ва моликияти мардум хисорот ворид шуд. Бархе аз манобеъ ин таркишҳоро ба эҳтимоли то Душанбе расидани ситезаҷӯёне пайванд медиҳанд, ки гӯё аз Покистон ва Афғонистон вориди манотиқи шарқии Тоҷикистон шудаанд. Ба гузориши мақомоти қудратии кишвар дар Хоруғ, Дарвоз ва чанд маҳалли дигар афроде боздошт шудаанд, ки дар узвият ба гурӯҳҳои тундрав гумонбар мешаванд. Аммо сухангӯйи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, Давлат Назрӣ мегӯяд, омодагиҳо ба мулоқоти чаҳоргона бомуваффақият идома дорад ва ин маърака аз сафари расмии раисиҷумҳури Покистон Осафалии Зардорӣ ба Тоҷикистон оғоз меёбад.
XS
SM
MD
LG