Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳаммадиев ва Манасян - дар Душанбе


Муҳсин Муҳаммадиев, яке аз бозигарони маъруфи дастаи "Помир", дар меҳмонии радиои Озодӣ
Муҳсин Муҳаммадиев, яке аз бозигарони маъруфи дастаи "Помир", дар меҳмонии радиои Озодӣ

Бегоҳи 28-уми июл дар варзишгоҳи марказии Душанбе бозии рафиқонаи дастаҳои «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода ва «Локомотив»-и Маскав баргузор хоҳад шуд.

Шариф Назаров, президенти бошгоҳи футболи «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода, ба радиои Озодӣ гуфт, дастаи футболи «Локомотив» субҳи 28-уми июл ба Душанбе меояд.

Ба ҳайати «Локомотив» 17 бозигар шомиланд, ки аслан онҳо аъзои дастаи ҷавононанд ва ду-се нафарашон футболбозони ҳайати асосианд. Байни онҳо бозигарони нисбатан маъруф, ки ба Душанбе меоянд, дарвозабон Иван Пелиссолии итолиёвӣ ва собиқ ҳимоятгари дастаи мунтахаби миллии Русия, барандаи ҷоизаи биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон байни ҷавонон дар соли 1991 Юрий Дроздов мебошанд. Дроздов феълан дар дастаи дуввуми «Локомотив» бозӣ мекунад.

Ба гуфтаи Шариф Назаров дар ҳайати ҷавонони «Локомотив» дар бозии дӯстона, инчунин, ҳимоятгари 17-сола Маҳмаднаим Шарифӣ, номзад ба узви дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон, бозӣ хоҳад кард. Ҳамчунин, шогирдони футболи тоҷик Олег Хаби, Ҳаким Фузайлов, Игор Черевченко, ки дар айни ҳол дар бошгоҳи футболи «Локомотив» таҳти раҳбарии сармураббӣ Юрий Сёмин кор мекунанд, ба Душанбе меоянд.

Воқеъан Сёмин солҳои 1983-1985 дар вазифаи сармураббии дастаи «Помир»-и Душанбе бомуваффақият кор карда, барои ба лигаи олии чемпионати СССР роҳ ёфтани «Помир» заминаи устувор гузоштааст. Олег Хаби бошад, собиқ бозигар, мураббӣ ва аз моҳи ноябри соли 1988 то моҳи декабри соли 1989 сармураббии «Помир» дар соли аввали ширкати даста дар лигаи олии чемпионати Иттиҳоди Шӯравӣ буд.

Собиқ бозигарони машҳури «Помир» ҳамлагарон Мӯҳсин Муҳаммадиев ва Вазген Манасян, инчунин, ҳимоятгар Ҳасан Мустафоев (солҳои 1985-86 дар дастаи асосии «Помир» ҳунарнамоӣ кардааст), ки барои тамошои ин бозии дӯстона 27-уми июл аз Русия ба Тоҷикистон омадаанд, дар Варзишгоҳи марказии Душанбе ба ҳайси меҳмонони фахрӣ ҳузур хоҳанд дошт.
XS
SM
MD
LG