Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳмадинажод истеъфои вазири фарҳангро напазируфт


Дастгоҳи раёсатҷумҳурии Эрон мегӯяд, президент Аҳмадинажод, истеъфои вазири фарҳанг ва иршоди исломӣ, Муҳаммадҳусейн Саффор-Ҳарандиро рад кардааст.

Истеъфои Саффор-Ҳарандӣ рӯзи якшанбе баъд аз тасмими Аҳмадинажод ба барканории вазири истихборот Ғуломҳусейн Мӯҳсинии Эҷоӣ ба миён омад.

Саффор-Ҳарандӣ мегӯяд, Аҳмадинажод ба таври шифоҳӣ ӯро барканор кард, аммо аз тарси раъйи эътимод дар порлумон дастури хаттӣ ирсол накард. Тибқи қонуни асосии Эрон, агар дар давраи раёсати чаҳорсола аз нисф зиёди 21 узви ҳукумат иваз шаванд, бояд машрӯъияти онро порлумон тасдиқ кунад. Аҳмадинажод дар даври нави раёсаташ 10 вазир, аз ҷумла Эҷоиро иваз кард.

Расми савганди Аҳмадинажод ба ҳайси раисиҷумҳури Эрон, қарор аст, рӯзи 5-уми август баргузор шавад.
XS
SM
MD
LG