Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сафари ду вакили аршади Амрико ба Ховари Миёна


Вазири дифоъи Иёлоти Муттаҳида, Роберт Гейтс, ки ба кишварҳои Ховари Миёна сафар кардааст, баъд аз гуфтушунид бо вазири дифоъи Исроил, Эҳуд Барак гуфт, Иёлоти Муттаҳида умедваор аст, ки Теҳрон то тирамоҳи имсол ба пешниҳоди муколама рӯйи барномаи ҳастаии Эрон посух хоҳад дод.

Барак, дар навбати худ гуфт, Исроил хостори талошҳои дастаҷамъона ва ҳамоҳангшудаи байнулмилалӣ дар пешгирӣ аз дастёфти Теҳрон ба силоҳи ҳастаист. Эрон барномаи ҳастаии худро сулҳомез меномад ва эҳтимоли талошҳоро ба сохтани силоҳи ҳастаӣ рад мекунад.

Гейтс қарор аст, инчунин бо сарвазири Исроил, Бенямин Нетаняҳу, низ мулоқот кунад. Сафари ӯ дар ҳоле ба вуқӯъ мепайвандад, ки фиристодаи вижаи Иёлоти Муттаҳида Ҷорҷ Митчелл низ барои эҳёи гуфтушуниди сулҳ ба ин минтақа сафар кардааст.

Нимаи аввали имрӯз, Митчел дар Қоҳира бо раисиҷумҳури Миср, Ҳуснӣ Муборак, вохӯрд ва акнун қарор аст, бо раҳбари фаластиниҳо, Маҳмуд Аббос ва сарвазири Исроил Нетаняҳу низ мулоқот кунад.
XS
SM
MD
LG