Пайвандҳои дастрасӣ

Даъвати Милибанд аз Кобул ба сулҳ бо толибони мӯътадил


Вазири умури хориҷии Британия, Дейвид Милибанд имрӯз ба тағйири тамаркуз дар стратегияи НАТО дар Афғонистон даъват кард ва аз ҳукумати афғон хост, вориди гуфтугӯ бо толибони мӯътадил шавад. Вале вай афзуд, як ҳастаи оштинопазире дар дохили ин ҷумбиш ҳаст, ки бояд торумор гардад.

Вай гуфт: "Комёбии дарозмуддат дар ҳалли сиёсии фарогир дар Афғонистон аст, ки миллигароёни муҳофизакори паштун ва онҳоеро, ки ҳокимияти исломи маҳаллиро мехоҳанд аз онҳое ҷудо мекунад, ки ҷиҳоди хушунатомези ҷаҳониро хоҳонанд ва барояшон дар сиёсати маҳаллӣ нақше медиҳад, то ҷодаи муқовимат бо ҳукумати худро тарк кунанд."

Суханони Милибанд дар ҳоле садо доданд, ки соате пеш аз онҳо Кобул бо размандагони толиб дар вилояти шимолуғарби Бодғис оташбас эълон кард. Милибанд ҳамчунин аз кишварҳои Паймони Атлантики Шимолӣ хост, ширкати худро дар амалиёт дар Афғонистон густариш диҳанд.
XS
SM
MD
LG