Пайвандҳои дастрасӣ

Нахустин фавт аз зукоми хук дар Арабистони Саудӣ


Вазорати беҳдошти Арабистони Саудӣ мегӯяд, як шаҳрванди ин шоҳигарӣ аз зукоми хук фавтидааст. Ин аввали фавт ва дувумин сирояти тасдиқшудаи беморӣ дар Ховари Миёна аст. Намояндаи вазорат меафзояд, марди 30-сола рӯзи шанбе даргузаштааст. То ҳол аз ошкор шудани 232 гирифтори зукоми хук дар Арабистони Саудӣ хабар расидааст, ки бештарин шумора дар ҷаҳони алаб мебошад. Вазорати беҳдошти Саудия мегӯяд, барои пешгирӣ аз густариши уфун ширкати кӯдакон ва солмандонро дар ҳаҷҷи имсола маҳдуд кардааст.
XS
SM
MD
LG