Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эрон: Даъвати мухолифин ба сӯгвории қурбониён


Мирҳусейн Мӯсавӣ ва Меҳдӣ Каррубӣ, номзадҳои мағлубшудаи мухолифин дар интихоботи президентии Эрон

Мирҳусейн Мӯсавӣ ва Меҳдӣ Каррубӣ, номзадҳои мағлубшудаи мухолифин дар интихоботи президентии Эрон

Номзади мағлубшуда дар интихоботи президентии Эрон хостори баргузории маросими сӯгвории қурбониёни тазоҳуроти баъд аз интихобот шуданд.

Баъд аз эълони натиҷаҳои раъйгирӣ моҳи гузашта мардуми норозӣ ба кучаҳо рехтанд ва дар задухурдҳо бо нерӯҳои амниятӣ даҳҳо шаҳрванди Эрон кушта шуд. Аз ин рӯйдодҳои хунин 40 рӯз сипарӣ мешавад ва номзадҳои ислоҳотталаби эронӣ Мирҳусейн Мӯсавӣ ва Меҳдӣ Каррубӣ аз рӯи суннати исломӣ мехоҳанд маҳфили ёдбуди онҳоро созмон диҳанд.

Теъдоди зиёди соҳибназарон ин гомро ҳамчун чолиш ба раисиҷумҳур Маҳмуди Аҳмадинажод арзёбӣ мекунанд. Қаблан раҳбари Эрон ҳамоишҳои оммавиро манъ карда буд.

Дар нома ба номи вазорати дохила Мӯсавӣ ва Каррубӣ ваъда додаанд, ки маросим бидуни додани шиор ё суханронӣ баргузор хоҳад шуд ва ҷамъомадагон танҳо Қуръони шарифро қироат хоҳанд кард. Ташаббускорони маросим аз мақомот хостанд, ки ба онҳо ҳамагӣ барои 90 дақиқа дар маҳалли намозҳои дастаҷамъии маъруф ба Мосаллои Бузурги Теҳрон дар таърихи 30 июл вақт бидиҳанд.

Тибқи хабарҳо, дар хушунатҳои баъд аз интихобот дасти кам 20 нафар кушта ва теъдоди зиёде ҳам захмӣ шудаанд. Ҳамчунин садҳо этирозгарро нерӯҳои амниятӣ боздошт карданд. Баъд аз эълони натиҷаҳои интихобот ҳазорон шаҳрвандон бо нишони эътироз ба пирӯзии Аҳмадинажод ба кӯчаҳои Теҳрон рехта буданд.

Яке аз қурбониёни хушунатҳо дар Эрон Нидои 27-сола буд, ки номи ӯ ба рамзи муборизаи мухолифин табдил ёфт.
Яке аз қурбониёни ин хушунатҳо Нидо Оғо Султон ном духтари 27-солае буд, ки лаҳзаҳои кушташуданашро ба навор гирифта ба сомонаи Ютюб ҷой доданд. Ин наворро миллионҳо нафар дар саросари олам диданд, ва аз он замон Нидо ба рамзи муборизаи мухолифини эронӣ табдил гашт.

Дархост барои ташкили маросими сугворӣ ҳамаги ду рӯз баъд аз он интишор шуд, ки ду номзади собиқ ба мақоми раёсатҷумҳур ҳамроҳ бо раисиҷумҳури собиқи Эрон Муҳаммад Хотамӣ усулҳои бозпурсии эътирозгарони боздоштшударо мавриди интиқод қарор доданд. Матбуоти ислоҳотталабон хабар дод, ки ду эътирозгар дар боздоштгоҳ вафот карданд.

Хотамӣ ҳамроҳ бо Мӯсавӣ ва Каррубӣ раҳбарони руҳонии кишварро даъват намуданд, барои пешгирӣ аз “бедодгарӣ” дар нисбати боздоштшудагон ба ин қазия дахолат кунанд.

То ин вақт вазорати дохилаи Эрон тамоми дархостҳо барои баргузории ҳамоишҳои мухолифинро рад мекард. Бо вуҷуди ин, пуштибонони Мӯсавӣ пайваста дар ҳамоишҳои эътирозӣ алорағми манъ будани онҳо аз ҷониби ҳукумат ширкат мекунанд.
XS
SM
MD
LG