Пайвандҳои дастрасӣ

Натиҷаҳои интихоботи Қирғизистон эълон мешавад


Комиссияи марказии интихобот ва баргузории референдумҳои Қирғизистон натиҷаҳои ниҳоии интихоботи президентиро имрӯз соати 13-00 ба вақти Бишкек эълон хоҳад кард.

Бино ба ин манбаъ, тибқи шумори муқаддамоти раъйдиҳии 23 июл ба тарафдории президенти вақти Қирғизистон Қурмонбек Боқиев 76,13 дарсади раъйдиҳандагон овоз додаанд. Дар ҷои дуввум раҳбари ҳизби сосиал-демократи Қирғизистон Алмосбек Атамбоев қарор дорад, ки ба иттилоъи комиссияи марказии интихобот, 8,41 дарсади раъйи мардумро ба даст овардааст. Ин манбаъ меафзояд, ки раиси ҳизби «Ақ Шумқор» Темир Сариев 6,74 ва Тухтаойим Уметалиева 1,14 дарсад овоз гирифтаанд, аммо Нулан Мотуев ва Ҷенишбек Назаралиев ҳатто якдарсадии ороҳоро ба даст наовардаанд.

Ин дар ҳолест, ки намояндагони мухолифин интихоботи президентии 23 июлро хилофи қонун шумурдаанд. Ба гуфтаи сухангӯи ҳизби сосиал-демократи Қирғизистон 29 июл ба муқобили натиҷагириҳои ғайриқонунии комиссияи марказии интихобот ва референдумҳо пайравони ин ҳизб ва онҳое, ки ба тарафдории Алмосбек Атамбоев раъй додаанд ва аз чунин натиҷагирӣ розӣ нестанд, даст ба аксуламалҳои густурда хоҳанд зад.
XS
SM
MD
LG