Пайвандҳои дастрасӣ

Соҳиб Ҷӯраев, шатранҷбози тоҷик, дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шоҳмот барои дарёфти «Ҷоми ҳокими шаҳри Тошканд» бахшида ба 2200-солагии пойтахти Узбакистон байни 100 нафар дар ҷои 11-ум қарор гирифт.

Дар ин мусобиқа, ки барои аввалин бор баргузор шуд, шатранҷбозони Узбакистон, Қазоқистон ва Тоҷикистон дар шаҳри Тошканд ҳунарнамоӣ карданд. Мусобиқа, ки аз рӯи манзумаи суисӣ сурат гирифт, тӯли 9 рӯз идома ёфт.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқа танҳо як нафар - Соҳиб Ҷӯраев, қаҳрамони феълии шоҳмоти Тоҷикистон, намояндагӣ кард. Вай дар 9 бозӣ 6 имтиёз ба даст овард.

Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ ҷоизаҳо насиби мизбонон – шатранҷбозони Узбакистон гардид. Марат Ҷумъаев ҷои аввал, Андрей Квон ҷои дуввум ва Саидалӣ Юлдошев ҷои севумро касб карданд.
XS
SM
MD
LG