Пайвандҳои дастрасӣ

Чашмҳо ба сӯи Курдистони Ироқ


Қарор аст, имрӯз натиҷаҳои интихоботи маҷлисҳои маҳаллӣ дар Курдистони Ироқро эълом кунанд. Интизор меравад, ду ҳизби ҳокими Курдистон ҳамчунон дар қудрат бимонанд, агарчӣ ҳизби мухолиф мегӯяд, ки раъйи зиёдеро ба даст овардааст. Ҳизби Феҳрасти Тағйири Курдистон мегӯяд, дар шаҳри Сулаймония соҳиби раъйи аксари мардум шудааст. Ин шаҳр такягоҳи деринаи Ҳизби Иттиҳоди Меҳанпарастони Курдистон бо раҳбарии Ҷалоли Толибонӣ – раиси ҷумҳури Ироқ буд. Аммо ин ҳизб ва Ҳизби Демократии Курдистон, ки ду ҳизби аслии минтақа маҳсуб мешаванд, ба эҳтимоли қавӣ курсиҳои бештари порлумонро ба даст хоҳанд овард.
XS
SM
MD
LG