Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози шадиди мухолифони қирғиз


Мухолифони қирғиз пирӯзии раисиҷумҳури феълӣ дар интихоботро напазируфтанд ва мегӯянд, даст ба тазоҳурот хоҳанд зад.

Ахиран Алмосбек Ҳотамбоев, номзади ягонаи мухолифон дар интихоботи раёсатҷумҳурии рӯзи 23 июл, дар сӯҳбат бо бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, ки тибқи ҳисобу китоби онҳо дар ин маъракаи сиёсӣ на Боқиев, балки номзади мухолифин пирӯз шудааст.

Ӯ гуфт, ки “имрӯз мо тафтишоти муқаддамотиро анҷом додем. Мо ҳамзамон бо раъйдиҳӣ ҳисобу китоби овозҳоро доир кардем. Тибқи ин натоиҷ, беш аз 60 дар сади раъйдиҳандагон аз номзади ягонаи иттиҳоди мухолифин Алмосбек Ҳотамбоев пуштибонӣ кардаанд ва фақат тақрибан 25 дар сад ба раисиҷумҳури феълӣ овоз додаанд”.

Ва аммо, Комиссиюни марказии интихоботи Қирғизистон хабар додааст, ки Қурмонбек Боқиев бо дарёфти 82 дар сади раъйҳо дар ин маърака пирӯз шудааст. Аз Алмосбек Ҳотамбоев фақат ҳашт дар сади афроди соҳиби ҳаққи раъй пуштибонӣ кардаанд.

Дар сӯҳбат бо мо Ҳотамбоев мақомоти кишварро дар тақаллубу қонуншиканиҳо айбдор кард ва афзуд, ки мухолифин мехоҳанд рӯзи чаҳоршанбе, 29 июл намоишҳои осоиштаи эътирозӣ бо талаби баргузории раъйдиҳии такрориро шурӯъ кунанд.

Рӯзи шанбе ситоди интихоботии Ҳотамбоев навореро пахш кард, ки дар он гурӯҳи мардҳо аз як қитъаи интихоботӣ ба қитъаи интихоботии дигар рафта, чанд бор баргаҳои раъйро ба қуттиҳо меандозанд.

Мақомоти интихоботии Қирғизистон гуфтанд, ки нусхаи ин наворро барои тафтиш ба додситонӣ фиристодаанд. Ҳамзамон Комиссиюни марказии интихобот изҳор намуд, натоиҷи раъйдиҳӣ дар қитъаҳое, ки одамон чандборӣ баргаҳои овоздиҳиро ба қуттиҳо андохтаанд, лағв карда хоҳад шуд.

Интихоботи раёсатҷумҳурии Қирғизистон мавриди интиқоди шадиди ҷомеъаи байнулмилалӣ ҳам қарор гирифт. Иттиҳодияи Аврупо эълом дошт, ки интихоботи раёсатҷумҳурии Қирғизистон ба меъёрҳои байнулмилалӣ мутобиқ набуд.

Дар изҳороти нозирони Созмони амният ва ҳамкории Аврупо бошад гуфта шудаааст, ки дар ҷараёни раъйдиҳӣ қонуншиканиҳои зиёд, аз ҷумла, ба қуттиҳо андохтани баргаҳои тақаллубӣ мушоҳида гардид. Ва аммо ҳайати нозирон аз Ҷомеъаи кишварҳои ҳамсуд интихоботи президентии Қирғизистонро “шаффофу озод” арзёбӣ кард.

Нозирони мустақили маҳаллӣ мансабдорони ҳукуматро дар дахолат ба ҷараёни раъйдиҳӣ ва ҳисобу китоби овозҳо айбдор намуданд. Зимнан, раисиҷумҳур Қурмонбек Боқиев ҳанӯз ба иттиҳомот дар бораи тақаллубу қонуншиканиҳо вокунише нишон надодааст.
XS
SM
MD
LG