Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳамлаи хунин дар шаҳри Грозний


Бар асари як ҳамлаи интиҳорӣ дар шаҳри Грозний, пойтахти Чеченистон дасти кам 5 нафар кушта ва бештар аз 10 тани дигар захмӣ шудаанд. Фарди маргталаб чанд дақиқа пештар аз оғози як консерт хостааст ба толор ворид шавад, аммо вақте кормандони пулис пеши роҳашро гирифтаанд, ӯ худро мунфаҷир карда, чаҳор корманди пулисо ҳам куштааст. Як фарди дигар ҳангоми интиқол ба бемористон дар роҳ ҷон додааст. Рамазон Қодиров – раиси ҷумҳури Чеченистон гуфтааст, ин ҳамла баёнгари он аст, ки маъракаи хушунатбори исломгароёни ҷудоихоҳ ба зидди ҳукумати Русия "дар дами марг" аст.
XS
SM
MD
LG