Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фиристодаи хоси Амрико дар Миср


Ҷорҷ Митчелл - фиристодаи хоси Амрико дар умури Ховари Миёна, имрӯз вориди шаҳри Қоҳира шуд, то бо Ҳуснӣ Муборак - раиси ҷумҳури Миср доир ба ҷараёни сулҳ дар ин минтақа гуфтӯгу кунад. Ҷорҷ Митчелл рӯзи якшанбе дар шаҳри Димишқ бо Башшор Ал-Ассад - раиси ҷумҳури Сурия, мулоқот кард ва хостори ҳамкории комили Сурия дар амри дастёбӣ ба як сулҳи фарогир дар Ховари Миёна шуд. Вай гуфт, аз сар гирифтани музокироти сулҳ миёни Сурия ва Исроил “як ҳадафи кӯтоҳмуддат” аст. Ҷорҷ Митчел баъдан дар шаҳри Тел Авив бо Эҳуд Барак вазири дифоъи Исроил дар мавриди муттавақиф кардани бунёди шаҳракҳои яҳудинишин дар манотиқи ишғолӣ сӯҳбат кард.
XS
SM
MD
LG