Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти Суфӣ Муҳаммад дар Пешовар


Дар шаҳри Пешовар, воқеъ дар шимолу ғарби Покистон, раҳбари мазҳабии минтақаи Малоканд Суфӣ Муҳаммад боздошт шуд, ки бо миёнҷигарии ӯ моҳи феврал миёни мақомоти маҳаллӣ ва ҷунбиши "Толибон" дар бораи ҷорӣ кардани қавонини шариат дар водии Свот созиш ҳосил шуда буд. Ин созиш аз сӯи толибон халалдор шуд – онҳо талош карданд, ки нуфузи худро дар манотиқи ҳамсоя низ густариш диҳанд. Ба думболи ин моҳи апрел артиши Покистон алайҳи мусаллаҳони мухолифи ҳукумат амалиёти густардаро шурӯъ кард. Ҳанӯз маълум нест, ки Суфӣ Муҳаммад бо кадом айб муттаҳам хоҳад шуд ва аммо мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, ки ӯ аз терроризм ва хушунат пуштибонӣ мекард.
XS
SM
MD
LG