Пайвандҳои дастрасӣ

Митчел: ИМА хостори сулҳи комил дар Ховари Миёна аст


ИМА барои сулҳи комил дар Ховари Миёна, ки эътидоли муносибати Исроил бо ҳама кишварҳои минтақаро дар назар дорад, пойфишорӣ хоҳад кард. Ин изҳороти намояндаи вижаи раисиҷумҳури ИМА дар Ховари Миёна Ҷорҷ Митчел баъд аз мулоқоташ бо раисиҷумҳури Сурия Башор Асад дар Димишқ садо дод.
Ин дуввумин мулоқоти Ҷорҷ Митчел ва раҳбари Сурия дар ду моҳи ахир аст ва дар он асосан дурнамои беҳбуди равобит миёни Димишқ ва Вошингтон баррасӣ шуд. Муносибати миёни ду кишвар чанд соли ахир сард боқӣ мемонад. Қабл аз сафар ба Димишқ Митчел дар Исроил бо вазири дифоъи ин кишвар Эҳуд Барак дидору гуфтугӯ дошт.
Дар ҳамин ҳол имрӯз Роберт Гейтс, вазири дифоъи ИМА вориди Ховари Миёна мешавад. Қарор аст, ки дар ҷараёни сафараш ӯ бо сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу ва шоҳи Урдун Абдуллоҳ музокирот анҷом диҳад. Тибқи хабарҳо, Роберт Гейтс ва Нетаняҳу дар мавзӯъи барномаи ҳастаии Эрон гуфтушунид мекунанд – Тел-Авив аз таҳдиди афзояндаи низомии Теҳрон нигарон аст. Дар дидору гуфтугӯҳои сарвари Пентагон дар Урдун рӯи мушкилоти марбут ба таъмини амният дар Ироқи ҳамсоя баъд аз хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз ин кишвар дар соли 2011 тамаркуз хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG