Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамлаи ҳакерҳо ба сомонаи ҷашнвораи Мелбурн


Ҳакерҳо ваё раҳзанҳои интернетии Чин ба вебсайти ҷашнвораи синамои Австралия ҳамла карданд. Ба барномаи ин ҷашнвора намоиши филм дар бораи раҳбари Кунгураи ҷаҳонии уйғурҳо Робия Қодир ворид шудааст. Ба гуфтаи созмондиҳандагони ҷашнвораи Мелбурн, рӯзи шанбе барои чанд муддат дар сомонаи интернетии фестивали синамо парчами Чин ва алфози таҳқиромез дар ҳаққи Робия Қодир пайдо шуд. Аз ин пеш Чин ба нишони эътироз чаҳор филми худро аз ин ҷашнвора бозхонда буд. Бо вуҷуди ин ҳама, ба гуфтаи созмондиҳандагони ҷашнвора, филм дар бораи Робия Қодир намоиш дода хоҳад шуд.
Авоили моҳ бар асари саркӯбсозии намоиши эътирозии уйғурҳо дар шаҳри Урумчӣ, маркази вилояти Шинҷони Чин тақрибан 200 нафар кушта ва 1600 нафар маҷрӯҳ шуданд. Пекин дар ташкили нооромиҳо дар ин шаҳр нерӯҳои беруна, аз ҷумла, Кунгураи ҷаҳонии уйғурҳо ва сарвари он Робия Қодирро айбдор мехонад.
XS
SM
MD
LG