Пайвандҳои дастрасӣ

Мухолифини Эрон аз қурбониёни нооромиҳо ёд мекунанд


Мухолифини Эрон тасмим гирифтанд маҳфили ёдбуди онҳоеро созмон диҳанд, ки дар ҷараёни намоишҳои эътирозӣ баъд аз эълони натоиҷи интихоботи раёсатҷумҳурии рӯзи 12 июн ба ҳалокат расидаанд. Довталабони ноком дар интихобот Мирҳусейни Мусавӣ ва Маҳдии Карубӣ аз мақомоти кишвар хостори иҷозаи баргузории ин маҳфил шудаанд. Онҳо изҳор намуданд, ки дар як ҳамоиш фақат пораҳо аз Қуръони Шариф қироат хоҳад шуд.
Ба иттилоъи расмӣ, бар асари нооромиҳо ба думболи эълони натоиҷи интихоботи раёсатҷумҳурии рӯзи 12 июн, ки онро мухолифин тақаллубӣ мехонанд, 20 нафар ба ҳалокат расидаанд. Ва аммо ҳомиёни ҳуқуқи башари Эрон мегӯянд, ки теъдоди қурбониёни ин ҳаводис ба карат бештар аст.
XS
SM
MD
LG