Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифини Курдистон аз пирӯзӣ хабар доданд


Дар минтақаи худмухтори Курдистони Ироқ созмони “Феҳрист ба хотири тағйирот”, як ниҳоди мухолифи ҳукумат, дар бораи комёб шуданаш дар интихоботи маҷлиси маҳаллӣ хабар дод. Намояндагони мухолифин мегӯянд, ки дар Сулаймония -дуввумин шаҳри бузурги минтақа пирӯз шудаанд. Ба иттилоъи онҳо, дар Арбил ҳам мухолифин раъйҳои зиёдро соҳиб шуда дар феҳрист алҳол дар мақоми дуввум қарор доранд.
Дар Маҷлиси пешини Курдистон асосан ду ҳизб - Ҳизби демократӣ ва Иттиҳоди ватандӯстонаи Курдистон бештари курсиҳоро соҳиб шуда буданд ва ҳадс зада мешуд, ки дар интихоботи навбатӣ низ онҳо пирӯз мешаванд.
Айни ҳол ҳисобу китоби раъйҳо дар интихоботи президентӣ ва парлумони маҳаллии Курдистон идома дорад. Ба иттилоъи расмӣ, дар ин маъракаҳо тақрибан 80 дар сади афроди соҳиби ҳаққи раъй ширкат кардаанд. Натоиҷи интихобот дертар эълон хоҳад шуд, зеро ҳисобу китоби ниҳоии баргаҳои раъй дар Бағдод сурат мегирад. Барои мақоми президенти Курдистон, ки ба он се вилояти асосан курднишини воқеъ дар шимоли Ироқ –Доҳур, Арбил ва Сулаймония шомиланд, панҷ нафар талош карданд ва аммо, тибқи хабарҳо, раҳбари феълии минтақа Масъуд Барзонӣ барои пирӯзӣ шонсҳои бештар дорад.
XS
SM
MD
LG