Пайвандҳои дастрасӣ

Идомаи ҳисобу китоби раъйҳо дар интихоботи Курдистон


Дар минтақаи худмухтори Курдистони Ироқ ҳисобу китоби раъйҳо дар интихоботи президентӣ ва парлумони маҳаллӣ идома дорад. Ба иттилоъи расмӣ, дар ин маъракаҳо тақрибан 80 дар сади афроди соҳиби ҳаққи раъй ширкат кардаанд. Натоиҷи интихобот дертар эълон хоҳад шуд, зеро ҳисобу китоби ниҳоии баргаҳои раъй дар Бағдод сурат мегирад. Барои мақоми президенти Курдистон, ки ба он се вилояти асосан курднишини воқеъ дар шимоли Ироқ –Доҳур, Арбил ва Сулаймония шомиланд, панҷ нафар талош карданд ва аммо гуфта мешавад, ки раҳбари феълии минтақа Масъуд Барзонӣ барои пирӯзӣ шонсҳои бештар дорад. Аз нигоҳи коршиносон, ду ҳизби аслии Курдистон – Ҳизби демократӣ ва Иттиҳоди ватандӯстонаи Курдистон бештари курсиҳои парлумонро соҳиб хоҳанд шуд.
Раъйдиҳӣ дар минтақаи мухтори Курдистон ним сол баъд аз интихоботи мақомоти маҳаллии дигар манотиқи Ироқ баргузор гардид.
XS
SM
MD
LG