Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати боз 14 толиб дар амалиёти артиши Покистон


Низомиёни Покистон хабар доданд, ки дар ҷараёни амалиёт дар шимолу ғарби кишвар дасти кам 14 мусаллаҳи мухолифи ҳукумат кушта шуданд. Даҳ нафари онҳо дар минтақаи Бунер ва чаҳор тани дигар дар водии Свот ба ҳалокат расиданд. Ҳамчунин хабар дода мешавад, ки як тамрингоҳ ва анбори силоҳи ҷангҷӯён аз байн бурда шудааст.
Амалиёти низомиёни покистонӣ дар шимолу ғарби кишвар, аз ҷумла, дар водии Свот ду моҳ боз идома дорад.
XS
SM
MD
LG