Пайвандҳои дастрасӣ

Намоишҳои ҳамдилӣ бо Эрон дар шаҳрҳои олам


Рӯзи шанбе дар даҳҳо шаҳрҳои олам намоишҳои ҳамдилӣ бо мардуми Эрон баргузор шуданд. Ширкаткунандагони намоишҳо аз мақомоти Эрон талаб карданд, ки ба таъқиби мухолифин хотима гузоранд. Онҳо ҳамчунин аз СММ хостанд, ки далелҳои нақзи ҳуқуқи башар дар Эрон зимни саркӯбсозии намоишҳо алайҳи натоиҷи интихоботи раёсатҷумҳурии рӯзи 12 июнро тафтиш кунад.
Имрӯз раҳбарони мухолифини Эрон аз раҳбарони мазҳабии кишвар даъват карданд, ки дар раҳоии беш аз 100 тан аз мухолифини замони намоишҳои эътирозӣ боздоштшуда кумак намоянд.
XS
SM
MD
LG