Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи Толибон ба Хуст


Дар шаҳри Хуст, воқеъ дар шарқи Афғонистон, толибон ба биноҳои маъмурӣ ҳамла карданд. Намояндаи вазорати дифоъи Афғонистон генерал Муҳаммадзоҳир Азимӣ хабар дод, ки дар бинои раёсати маҳаллии полис ҳамзамон се инфиҷори маргталабона рух додааст. Теъдоди қурбониён ҳанӯз маълум нест. Ҳамчунин хабаргузориҳо аз тирпарронии шадид дар шаҳр иттилоъ медиҳанд. Аммо ҳанӯз маълум нест, ки дар ин даргириҳо нерӯҳои амрикоӣ ширкат доранд ё на – дар Хуст пойгоҳи бузурги низомии ИМА мустақар аст.
Бархе аз хабаргузориҳо навиштаанд, ҳамлаи афроди маргталаб дар ҳоле ба вуқӯъ пайваст, ки узви ҳукумати Афғонистон ва довталаби мақоми раисиҷумҳур Рамазон Башардӯст вориди шаҳри Хуст гардид.
XS
SM
MD
LG