Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳалокати 16 нафар дар садамаи ҳавопаймо дар Машҳад


Бар асари садамаи ҳавопаймо дар Эрон 16 нафар ба ҳалокат расиданд. Ба иттилоъи расмӣ, дирӯз ҳавопаймои ширкати эрониии Aria Aviation ҳангоми нишастан дар фурудгоҳи шаҳри Машҳад бо сабабҳои номаълум аз хатти парвоз берун шуд ва ба девор бархурд. Дар ин ҳодиса 13 узви экипаж ва се мусофир ҷон бохтаанд. 9 тан аз қурбониёни ҳодиса шаҳрвандони Қазоқистонанд - ҳавопаймо аз ин кишвар ба иҷора гирифта шуда буд. Замони садама дар ҳавопаймо 153 сарнишину мусофир ҳузур доштанд ва бархе онҳо ҷароҳатҳои сабук бардоштаанд.
XS
SM
MD
LG