Пайвандҳои дастрасӣ

Дар имтиҳоноти ягонаи миллӣ, ки дар Қазоқистон сурат гирифт, шумораи зиёди довталабони тоҷикистонӣ ноком шуданд.

Ба гуфтаи Салтанат Оразова, коршиноси Маркази доирсозии имтиҳони ягонаи миллии Қазоқистон, аз 79 довталаб ҳамагӣ 25 нафар тавонистанд аз 45 то 77 имтиёзӣ гирифта, имкони ширкат дар озмуни донишҷӯёнро пайдо намоянд. 54 нафари дигар имтёзи зарурӣ, яьне 45 имтиёзро соҳиб шуда натавонистанд ва мутобиқ ба қоидаҳои қабул ба донишгоҳҳои олии Қазоқистон ноком гардиданд.

Ин дар ҳолест, ки ҳамаи дохилшавандагони тоҷикистонӣ дар соли 2008 дар Точикистон имтиҳоноти қабули донишгоҳҳои олиро супорида, имкони таҳсил дар давраи омодагии донишгоҳҳои олиро соҳиб шуда буданд. Онҳо ҳамчунин 8 моҳ дар Қазоқистон давраи омодагиро гузаштанд ва аз ҷониби ин кишвар бо хобгоҳ ва идрор таьмин карда шуда буданд.

Сабаби хеле поин будани дониши қисме аз довталабони тоҷик ин аст, ки бархеи онҳо шояд дар Тоҷикистон бо ришва ба курси омодагӣ шомил шуда буданд ва дар натиҷа вақти имтиҳони ягонаи миллӣ дар Қазоқистон ноком шуданд ...
Вале як манбаь аз сафорати Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфт, ки 45 имтиёз аслан барои дохилшавандагони қазоқистонӣ муқаррар гардидааст, зеро онҳо аз 5 фан имтиҳони ягонаи миллӣ месупоранд ва имтиёзи баландтарин барояшон 125 аст. Вале дохилшавандагони тоҷикистонӣ аз 4 фан имтиҳон супориданд ва имтиёзи ниҳоӣ барояшон 100 муайян гардида буд.

Аз ин хотир, ба гуфтаи як довталаб, ки аз зикри номаш худдорӣ намуд, бо талоши Вазорати маорифи Тоҷикистон имтиёзи пазириши дохилшавандагони тоҷик ба 30 имтиёз поин карда шуд. Вале бо вуҷуди ин шумораи нокомшудагон, яьне онхое, ки камтар аз 30 имтиёз гирифтанд, хамоно беш аз 20 нафарро ташкил мекунад. Се хатмкардаи макотиби Точикистон бошанд қабл аз оғози имтиҳон аз идомаи таҳсил даст кашида буданд.

Ҳатто, ба гуфтаи яке аз хешовандони дохилшавандае, баьзе дохилшавандагони ноком поинтар аз 15 ва хатто 12, 13 имтиёз гирифта буданд, ки ин натиҷаи хеле паст аст. Ҳамсӯҳбати мо гуфт, ки сабаби хеле поин будани дониши қисме аз довталабони тоҷик ин аст, ки бархеи онҳо шояд дар Тоҷикистон бо ришва ба курси омодагӣ шомил шуда буданд ва дар натиҷа вақти имтиҳони ягонаи миллӣ дар Қазоқистон ноком гаштанд.

Лозим ба ёдоварист, ки тибқи тавофуқномае, ки байни Қазоқистону Тоҷикистон ба имзо расидааст, ҳарду кишвар дар мавриди омода кардани кадрҳо ҳамкорӣ доранд ва қаблан аз ҷониби Тоҷикистон баьди хатми мактаб ва супоридани имтиҳоноти қабул дар ин кишвар анқариб 100 довталаб ба донишгоҳҳои Қазоқистон шомил мешуданд.

Хамчунин кариб 50 хатмкардаи мактабҳои тоҷикии Қазоқистон ҳар сол, бар пояи ин шартнома, ба донишгоҳҳои Тоҷикистон пазируфта мешаванд. Вале чун сатҳи дониши шогирдони мактабҳои Тоҷикистон поин буду ба вижа онон забони русиву қазоқиро хеле бад медонистанд, шумораи зиёди тоҷикон аз ӯҳдаи идомаи таҳсил набаромаданд.

Аз ин хотир ду сол қабл Қазоқистон барои дохилшавандагони тоҷикистонӣ курси ҳаштмоҳаи омодагиро ба роҳ монд то онҳо ба имтиҳони ягонаи миллӣ хубтар омода шаванду ҳангоми таҳсил низ душворӣ накашанд.

Вале, тавре хешованди як довталаб гуфт, натиҷаи имсолаи имтиҳони ягонаи миллӣ нишон дод, ки альон низ дар Тоҷикистон ё аз пастии сатҳи таьлим дар макотиб ва ё қавӣ реша доштани фасод дар системаи маориф доништалабони лоиқ ба хориҷи кишвар фиристода намешаванд ва дар натиҷа шумораи зиёди довталабон ё ҳангоми супоридани имтиҳони ягонаи миллӣ ноком мегарданд ва ё донишгоҳҳои олии Қазоқистонро тарк мекунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG